Омилҳои  хатарзои  терроризм

           Решаю  омилҳои  ифротгароӣ  ва бо  истилоҳ  экстремизми  динӣ-мазҳабӣ, қабл аз  ҳама  дар  ақибмондагии  саросарии иҷтимоӣ  зоҳир мегардад.Таблиғгарон  аввалан,қурбонии эҳтимолиро  омӯхта,мушкилиҳои иҷтимоӣ,иқтисодӣ,маънавӣ  ва мафкуравиро  муайян  менамояд.Таблиғгарон баъди оне, ки боварӣ ҳосил  менамоянд, ки муштариёни онҳо аз диди рӯҳӣ ва равонӣ тайёр шудаанд ба онҳо имконияти вохӯрӣ ба шахси муътабарро иброз  менамоянд.Таблиғгари асосӣ бо муштарӣ вохӯрда,ба таърифу тавсиф, аз  қабили «мо истеъдодҳои туро мушоҳида кардем ва ба хулосае омадем, ки ба ту як супориши ниҳоят муҳим дар роҳи ҳақ вогузорем.»

           Роҳҳои  зиёди ҷалби ҷавонон  ба гурӯҳҳои ифротӣ вуҷуд дорад: созмон додани равияҳои мазҳабӣ, бекорӣ, муҳоҷирати  корӣ, камдонишӣ ва надоштани ҷаҳонбинии ташаккулёфта, тавассути шабакаҳои интернетӣ ва ғайраҳо.

           Ҷавононе, ки донишҳои дурусти вокеӣ надоранд тез аз тарафи  мубалиғон ҷалб  мешаванд. Зеро шахсони нодонро  мағзшӯӣ кардан осонтар ва  камхарҷтар мебошад. Мушкили аслии кишварҳои мусалмон нодонию бесаводӣ мебошад.Аз назари равоншиносӣ нодонӣ ҳамвора дар пайи худ нотавониро ба бор меорад. Яъне шахси нодон ҳамеша эҳсоси нотавонӣ дорад ва аз худ умед надорад. Яке аз  роҳҳои  дигараш ин ба истилоҳ «амри маъруф ва наҳйи мункар» ба ҳисоб  меравад. Инчунин занон ва духтаронро бо ваъдаҳои хонадоршавӣ ва зиндагӣ дар мамолики пешрафтаю биҳиштосо ба дом меафтонанд. Аслан духтарону занони аз 18 то 35 сола туъмаи  таблиғгарон мегарданд. Агар кудакони аз 6-12 сола дошта бошанд, онҳоро гирифта ба бошишгоҳҳои махсусгардонидашуда бурда аз онҳо сарбозон ё қотилони ояндаро тайёр мекунанд. Худи занҳоро  ҳамчун мол боз ба дигаре  мефурӯшанд.

            Вазъи  муосири сиёсию динӣ тақозо мекунад: агар дар низоми сиёсии ҷаҳони имрӯз заиф  бошем ба вартаи  сиёсатҳои хашини динӣ-мазҳабӣ, ки ҳамагӣ дар хурофот ғутидаанд, меафтем. Муболиғон–террористон мехоҳанд, ки мақасду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд.Террор кардан ҷомеаро ба ҳолати  тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир бар зидди дин набаромада аст, балки  хурофот, нодонӣ, чаҳолатро зери интиқод  қарор додаанд. Маҳз бо ташкил ва дастгирии  чунин ҳизбу  ҳаракатҳои динӣ имрӯз кишварҳои  абарқудрат низоми сиёсии  кишварҳои орому тинҷро фалаҷ карда, ба ҷои низомҳои давлатӣ хараҷу мараҷи  идеологӣ ва сиёсиро руи кор меоранд, ки дар он баъзе ҳизбу ҳаракатҳоро барои ба даст гирифтани қудрати сиёсӣ  роҳандозӣ мекунанд. Яке  аз роҳҳои  аз байн бурдани терроризм ва экстремизм  кам кардани қашоқию бенавоӣ, бекорӣ, сатҳи пасти маълумот  мебошад. Аз ин лиҳоз вазифаи имонию муқаддаси  ҳар як фарди бонангу номуси миллат – аз шаҳрванди оддӣ  то корманди баландпояи мақомоти давлатӣ таблиғи  бедории миллӣ, зиракиву ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, густариши  ғояҳои худогоҳиву худшиносии  миллӣ  ва муҳимтар аз ҳама, таҳкими  ваҳдати  миллӣ  мебошад. 

            Имрӯзҳо ҳамлаи  иттилоотию  идеологӣ ва тарғиботии гурӯҳҳои террористӣ бештар ба ҷалби  ҷавонон равона  шудааст, зеро ҷавонон  нерӯи  тавоноянд ва ҳанӯз ҷаҳонбинии чандон васеъ ва таҷрибаи кофӣ  надоранд ва табиатан ба калавишҳои мафкуравӣ роҳ медиҳанд. Ҷавонони  мо имрӯз бояд далер, шӯҷоъ, зирак, забондон ва аз ҳама  илмҳои муосир огаҳӣ дошта бошанд.

           Чунончӣ  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон доимо  иброз  медоранд «Ҷавонон ояндаи миллатанд, аз ин рӯ бояд зираки ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд».  

                                                                Директори  муассисаи  таҳсилоти                                                                                                                     ибтидоии  №39-и н.Тоҷикобод                                                                                                                       Маҳмадрасул  Гулов     

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code