Ғавғои сагон кам накунад ризқи гадоро…  

           Вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳоло бинобар  пайдо шудани маризи КОВИД-19 хеле тағйир ёфтааст ва ҷомеаи башарӣ имрӯз дар мубориза бо ин пандемияи ҳамагир қарор дорад. Мардум дар ҳолати тарсу ваҳм қарор доранд, аз ҷониби дигар бошад фавт ва пайдо нашудани ваксинаи пешгирии ин маризӣ кулли инсониятро хавотир намудааст.

            Ин маризии ваҳмангез ба кишвари мо низ расид, ки ҷомеа ҳоло ба ин вабо дар мубориза аст. Табибон талош меварзанд, то ҷони ҳар сироятёфтаро наҷот диҳанд, масъулон, Ҳукумати ҷумҳурӣ бо сарварии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шабу рӯз дар фикри наҷоти миллат мебошанд ва муваффақ низ шуда истодаанд.

            Аммо дар ин росто, душманони миллат, наҳзатиёни палид ба ҷойи ба миллат ғамшарик будан, дар хориҷ аз кишвар истода, табли шодӣ мезананд, мехоҳанд аз ҳамин ҳолати вазнин сӯиистифода кунанду мақсадҳои нопоки худро амалӣ созанд.

            Наҳзатиён талош менамоянд, ки бо истифода аз фурсат мардумро гумроҳ созанд ва кишварро ноором кунанд. Ҳарчанд ҳамагон хуб медонанд, ки наҳзатиёни манфур солҳои 90-уми асри гузашта кишварро ноором сохта, зиёда аз 160 000 шаҳрванди ҷумҳуриро қурбон сохтанд, ки ин бисёр талафоти вазнин мебошад. Ҳамчунин зарари иқтисодиву иҷтимоие, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ –ҳамон наҳзатиён ва ҳоло аъзоёни ТТЭ ПМТ бар кишвар ва миллат расониданд, садсолаҳо зарур аст, то он барқарор шавад.

            Ҳамакнун ин назҳатиён мехоҳанд боз ҳамин хиёнати худро дубора такрор намоянд, то миллат дар арсаи байналмилалӣ шарманда шавад. Зеро инро душманони миллати тоҷик мехоҳанд ва ин душманони миллат ҳамон хоҷаҳои хориҷианд, ки ҳоло назҳатиёни беватанро сармоягузорӣ мекунанд.

            Агар назҳатиён инсон бошанд, агар воқеан мусулмон бошанд, наход дар ҳамин лаҳзаи душвор ва вазнини миллат, ба ҷойи дар бари миллат будан, ҷомеаро ба нооромӣ даъват кунанд?

            Аз ин рӯ, бар миллат гуфтанӣ ҳастем, ки назҳатиён дар ҳақиқат ҳам душмани миллатанд ва аз онҳо бояд дур шуд ва ба ҳарзаҳояшон, ки имрӯзҳо дар расонаҳои ифротиашон ба табъ мерасанд, набояд гӯш дод.              

                                       Лутфулло Шифоев, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод    

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code