Таҷлили рӯзи Артиши миллӣ дар ноҳия

Бахшида ба 25 – умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хонаи фарҳанги шаҳраки Тоҷикобод ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Дар ҷамъомад афсарони комиссариати ҳарбӣ, кормандони мақомоти қудратӣ, собиқадорони вазорати дифоъ, иштирокдорони барқароркунии сохтори конститутсионӣ, садамаи Чернобел , намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва ҷавонони фаъол иштирок намуданд. Ҳамзамон раиси ноҳия муҳтарам Нодираи Маҳмадисо иштирок ва суханрони намуданд.

Раиси ноҳия  муҳтарам Нодираи Маҳмадисо ҳозиринро бо иди Артиши миллӣ шодбош гуфта, саломативу хушбахтӣ, зиндагии босаодат ва дар фаъолияти пурифтихори хизматӣ барору комёбиҳо орзу намуд. Зикр дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз рӯзҳои таъсисёбии худ дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва ҳокимияти қонунӣ, мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор,ошӯбҳои хиёнаткорона ва ҳифзи сарҳади давлатӣ хизмати фидокоронаро анҷом додаанд. Пешвои миллат низ борҳо гуфтаанд:  « Итминони комил  дорам, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – модар, миллат ва давлат Тоҷикистон бо сарбаландӣ иҷро мекунанд». Инчунин аз он ифтихор намуданд, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аз оғози таъсисёбиаш то ба имрӯз дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо садоқати худро ба Ватан ва миллати худ Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон собит сохтаанд, маҳз ба шарофати садоқатмандонӣ, ҷасорати касбӣ,фидокориву ҷоннисорӣ ва хизматҳои шабонарӯзии ҳомёни Ватан дар Тоҷикистони азиз сулҳу субот пойдор аст ва мардум зиндагии осоишта доранд.

Баъдан комиссари ҳарбии ноҳия Кайҳон Маҳмадшозода ҳомиёни Ватанро ба муносибати 25- умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта иброз намуд, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 25 соли фаъолияташ рисолати бузурги хешро ҷиҳати ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, таъмини осоишу оромии қаламрави мамлакат ва ҳимояи манфиатҳои Ватан содиқона анҷом дод. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи давлату миллат, марзу буми кишвар барои ҳар як шаҳрванд ифтихори бузург аст.

 

 

Дар ҷараёни таҷлили 25-умин солгарди рӯзи Артиши миллӣ ба роҳбарони сохторҳои ҳарбӣ, кормандони Комиссариати ҳарбӣ, кормандони ШВКД дар ноҳия ва ба як қатор сарбозон Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Комиссариати ҳарбӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code