Мавзеъҳои сайёҳии ноҳияи Тоҷикобод
Ноҳияи Тоҷикобод яке аз ноҳияҳои дурдасти кишвар буда, дар баландии зиёда аз 1500 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад ва зиёда аз 95% ҳудуди онро қаторкӯҳҳо ташкил медиҳанд. Ноҳия барои рушди туризм, махсусан туризми экологӣ ва кӯҳию варзишӣ хеле мусоид мебошад.
Иқлими хуб, боду ҳавои форам, табиати дилфиреб ва манзараҳои зебою дилкаш имконият медиҳанд, ки соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия рушд ва тараққӣ намояд. Ноҳияи Тоҷикобод дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нисбати рушди соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои хело зиёд дошта, дар мавриди истифода бурдани ин имкониятҳо дар давоми солҳои оянда метавон шумораи зиёди сайёҳони хориҷиро аз мамолики гуногуни ҷаҳон ҷалб намуд.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дар натиҷаи таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи туризм дар ноҳияи Тоҷикобод низ рушд ёфта истодааст. Дар ин замина 26,09, 2016 дар маркази ноҳия зимни сафари худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи наву замонавӣ, ки дорои 85 ҷои хоб мебошад, ифтитоҳ карданд. Ин имконит медиҳанд, ки дар ноҳия барои рушди соҳаи сайёҳӣ бо назардошти мавҷудияти ҷойҳои таърихӣ, руду чашмаҳои шифобахш ва манзараҳои зебо, махсусан дар фасли зимистон ҷиҳати ташкил намудани варзиши лижаронӣ шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам меоварад.
Дар ҳолати таъмир ва барқарор намудани иншоотҳои туристӣ, ноҳияи Тоҷикобод метавонад яке аз ҷойҳои асосии кӯҳнавардони натанҳо дохили кишвар, балки тамоми кишварҳои муштаракулманофеъ гардад. Сохтмон ва барқарор намудани иншоотҳои маишию истироҳати дар ноҳия метавонад ба таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва дарёфти даромади иловагии аҳолӣ мусоидат намояд. Бояд қайд намуд, ки дар ҷамоати деҳоти Ширинчашма дар баландии 4500-5000 аз сатҳи баҳр Сурх Кул дар масоҳати 16 га ҷойгир буда, аз дигар кулҳо бо хусусиятҳои ба худ хос ба кули фарқ мекунад. Чуноне, ки дар боло қайд карда шуд, дар ноҳия мавзеъҳои хуби кӯҳнавардӣ аз қабили қуллаи баландтарини қаторкӯҳои Петри I, Қулаи Агасис, пиряхҳои Дидол, Суҳун ва инчунин садҳо чашмаву шаршараҳо чаману даштзорҳо мавҷуд мебошанд. Тавассути ташкил намудани хатсайрҳои фатҳи қуллаҳои мазкур дар ноҳия экспедитсияҳои куҳнавардӣ, ки ҳам тариқи интиқол ёфтан ба воситаи чархбол ва ҳам тариқи пиёдагардӣ сурат мегиранд, метавон соҳаи туризм ва куҳнавардидро рушд дод.