Наҳзати паймоншикан ҳеҷгоҳ ба аҳдофи  шуми худ намерасад.

      Давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани фазои сулҳу оромиш, баланд бардоштани сатҳи зиндаги ва некуаҳолии мардуми  шарифи  Тоҷикистон иқдомоти зиёди созанда ва бунёдкоронаро ба анҷом рамонидаистодааст.  Махсусан соли 2018 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудани «Соли рушди саёҳи ва ҳунарҳои мардуми» боиси он шуда, ки даҳо ҳазор нафар  саёҳони хориҷӣ ба кишвари мо меҳмоншуданд, ки ин албатта аз фазои сулҳу ороми ва ваҳдату якдилии  кишвари азизамон дарак медиҳад. Ин боиси он шудааст, ки обру ва эътибори байналмилалии Тоҷикистон рӯз то рӯз баланд мегардад.

Душманони миллати тоҷик махсусан наҳзатиён бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки оромиш ва фазои ороми Ватани азизамонро ноором кунанд. Воқеоти нангие, ки дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз ҷониби ашхоси гумошатаи наҳзат, алайҳи саёҳони хориҷи ба анҷом расонидашуд  аз ҷониби мардуми Тоҷикобод махсусан аҳли зиё  ва омӯзгорон сахт махкум кардашуд. Ин куштори бе раҳмона ва амали ноҷавонмародона  аз ҷониби наҳзатиёни паймоншикан моро ба он водар менамояд, ки дар оянда корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни мардумии оддии ноҳия ҷонок намуда реша ва омилҳои пайдоиши чунин зуҳротҳои ғайри инсониро пеш аз вуқуъ решакан намоем.

Махсусан аҳли зиё ва омӯзгорон метавонанд дар ин кори наҷиб нақши боризе дошта бошанд. Мусаламаст, ки шаклгирӣ  ва омилу сабабҳои асосии ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта Ташкилоти Терариситю   Эстремистии  Ҳизби  Наҳзати  Исломӣ  ва  сардамдорону  пайравонашон  буданд,  ки  то имрӯз ҳазорон мадраку маъхазҳое мавҷуданд, ки воқеиятро  тасдиқ  менамояд.  Як мадраки хеле бо маврид  он аст, ки  чун дар дигар кишварҳои мусулмонишини собиқ шӯравӣ чунин навъи  ҳизби динӣ  вуҷуд надошт,  интиқоли қудрат ба оромиш сурат гирифт, вале мутаасифона вуҷуди ҳамингуна ҳизб Тоҷикистонро ба хоку хун кашид, кишварро дар ҳоли нобудӣ қарор дод.

Мутаасифона ТТЭ ҲНИ паймоншикани намуда ҳадафҳои хоҷагони хориҷии худро дар Ватани азизамон пиёда намуданд, ки  то ҳаде мувафақ[ам гардиданд, чихеле дар урфият мегӯянд «Офтобро бо домон пӯшонида намешавад». Хушбахтона  фарзандони фарзонаи миллат Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дарк намуд, ки ки  дӯстамонасту ки душманамон ва сади роҳи чандин бедодгариҳою хунрезиҳо гирифта шуд, мутаасифона давлате, ки худро ҳамчундӯсту ҳамзабон ва шарики стратеги нишон дод,   ҳама дар паси парда монд. Бузуронги рост мегуфтанд аз ҳамзабони аз  ҳамдили  беҳтар аст.

Имрӯз, ки наҳзатиҳо даъво пешмеоранд, ки гӯё ба хотири мардум сулҳ карда бошанд, аслан дуруғе беш нест.  Инҳо дар тамоми муборизот гумроҳ кардани мардум ва кишварро ба хоку хун кашидан танҳ  бо мақсади ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ роҳандозӣ намуда буданд. Ҳамин аст, ки дар раванди гуфтушунидҳои сулҳ ҳам онҳо танҳо мақсади  ба даст ғасби ҳокимияти сиёсӣ ва сармоядорӣ  на чизи дигаре набуд.

Агар ин гурӯҳ 30 дар сад мансабҳои давлатиро  ба даст овардаанд соҳиби сармояҳои муаяне гардидаанд  ва тамоми ҷинояти қаблан  аз тарафи онҳо рух дода бахшида шуда бошанд ҳам, вале мазҳабфурӯшӣ ва мағзшуии сокинони кишварро идома доданд.  Ахиран пас аз шикасти худ дар интихоботи парлумони дар соли 2015 даст ба ҷинояти сангин  табадулоти давлатӣ заданд.  Ин кирдорҳои но ҷавонмардонаи фарзандоти миллмти тоҷик, ки барои пулу мол Ватанфуруши кардаанд  нобахшидаист вале чандинбор аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳури онҳор авф  кардашуд вале мор боз ба нешзадани худ идома дод.   Биноан ҳар як зиёии бедори миллатро лозим аст, ки баҳри дар оянда решакан кардани ин зуҳроти нангин талошварзида барои ояндаи кишвари азизамон Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.

Сармутахасиси шуъбаи маорифи ноҳияи Тоҷикобод  М Искандаров.

 

 

Ҷавонон нерӯи пешбаранда.

     Маълум аст, ки имрӯз тамоми оламро нобасомониҳо ва носозгориҳои зиёди сиёсиву иҷтимоӣ фаро гирифтааст. Махсус, ҷангҳои шаҳрвандӣ дар мамлакатҳои исломии Афғонистон, Ироқ, Сурия дар асоси омилҳои маҳзабӣ сар заданд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар аввали солҳои 80-уми асри хх, дар тамоми ҳудуди собиқ ИҶШС мавҷи истиқлолияту озодиҳоҳӣ паҳн гардид ва ин оҳиста-оҳиста то сарҳади Тоҷикистони мо низ расид. Ҳодисаҳои хунин низ дар Ҷумҳуриҳои Гурҷистону, Қазоқистон, Озорбоиҷону, Арманистон ҳам рух доданд. Аммо дар кишварӣ мо боиси ҷанги бародаркӯшӣ  гардиданд. Ҳамин ТЭТ, ҲНИТ буд, ки мардуми Тоҷикистонро ба майдону сангарнишини даъват намуда, байни аҳолии кишвар низоъ андохта мавҷи озодихоҳию истиқлолро ба ҷанги шаҳрвандии бародаркӯш мубаддал гардонид. Имрӯз зарурияти пеш омадааст, ки насли имрӯз низ аз воқеаҳои гузашта дуруст бохабар бошанд, то  ки ба хатогиҳо  роҳ надиҳанд.

Ҳодисаи нангини 29 июли соли равон дар шоҳроҳи Кулоб – Душанбе, дар ҳудуди деҳаи Сафобахши Ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо автомошина ба 7 сайёҳи хориҷӣ (велосипедронҳо) ҳуҷум намудан кори дасти аъзои фаъоли ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби назати исломӣ мебошанд, ки ҳамаи онҳо расман гувоҳӣ доданд.

Ҷавонони имрӯзаи Ватан бояд хуб донанд, ки сабабгори асосии бадном кардани миллат, яъне ташкилкунандагони ин ҳодиса террористони наҳзатӣ буданд ва ҷавонони содалавҳро ба доми фиреби худ дароварданд.

Мусаллам аст, ки ТЭТ ҲНИ 15 сол муқаддам барои амали сохтани нақшаҳои палиди худ тағир додани сохти канститутсионии давлат, барангехтани кинаю адоват, пайвастани ҷавонони камсавод ба сафи сазмонҳои террористӣ, тирамоҳи соли 2015 ба ошуби мусалаҳона бо мақсади ғасби ҳокимият даст заданд. Тирашон хок хурд ва маҷбуран роҳи фирорро пеша намуданд. Вақтҳои охир роҳбарону масъулони фирории наҳзатӣ нашармида оиди ба даст, овардани ғаразҳои нопокӣ худ аз ҳеҷ чиз рӯи намегардонанд.

Ин аҳриманнажотҳо бо навиштаҳои худ дар саифаҳои заҳрогини худ мехоҳанд сабабгори ҳодисаи дигаре шаванд. Бузургон гуфтаанд ки:

Санги бадгавҳар агар косаи заррин шиканад,

Қимати санг нафзояду зар кам нашавад.

     Мо насли калонсол вазифадорем, ки ба ҷавонон рӯзҳои гузаштаю ҳодисаҳои содир намудан наҳзатиҳоро фаҳмонему шарҳу баён созем то ки онҳо пурра бо мафҳуми ифротгароӣ сарфаҳм раванд ва онҳо дар ҷомеа муболлиғони сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат бошанд.

Ҳамзамон дар бораи фарзандҳои фарзонаи миллати тоҷик, ки ҷони худро ба хатар гузошта ватанро обод ва ҳимоя намуданд, ҳадафҳои  носазо мегуянд.

Ҳаргиз  мардуми сарбаланди тоҷик дигар фирефтаи душман нахоҳанд гашт. Дунё ба таҳаввулоти ғайри қобили тасаввури мо қарор дорад ва равандҳои ба чашм мерасад, ки басо нигаронкунанда мебошад. Бархурдорҳо ва неруҳо мехоҳанд ҷавононро ба худ ҷалб намоянд, вале неруҳои солими бар онанд, ки ҷавонон аз ҳадафҳои муғризона қарор бошанд.

 

   Раиси КИ ХХДТ  дар ноҳияи Тоҷикобод  Л. Шифоев.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code