НАСЛИ НАВРАСРО ДАР РОҲИ ДУРУСТ ТАРБИЯ НАМОЕМ!

“Дар марҳилаи кунунӣ кишвари мо бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ тадбирҳои муассир меандешад. Мо ҷонибдори низоми ҷаҳони одилона, бидуни ҷангу низоъ, таъмини амнияти ҷаҳонию минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Миллали Муттаҳид мебошем.

     Аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,22 декабри соли 2017.

Имрӯзҳо ҳамагон шоҳидем, ки ҷаҳони муосир мураккаб гардида, баъзе аз қувваҳои ғаразнок барои амалӣ намудани манфиатҳои сиёсиашон аз нерӯи ҷавонони дорои мафкураи заифу беирода истифода мебаранд. Мутаассифона, солҳои охир бо нақшаҳои ғаразноки Ҳизби Наҳзати Ислом бархе аз ҷавонони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштаи мо низ фирефтаи чунин неруҳои аҳриманӣ гардида ба кишварҳои ҷангзадаи Араб рафта, ба гурӯҳҳои ваҳшатовари ифротӣ пайвастанд. Албатта,чунин ҷавонон афкори солиму созанда надоранд, ҷаҳонбиниашон тангу маҳдуд аст, худро кӯр-кӯрона ба доми марг ниҳодаанд. Вагарна ҳеҷ як инсони солимақл ихтиёран худро ба коми оташи ҷаҳолат ҳаво намедиҳад. Тарбия намудани хонандагони наврас дар муассисаҳои таълимӣ ба хотири дар оянда пешгирӣ намудани раванди нанговари гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароёна аз вазифаи  муҳимтарини аҳли  маорифчиён  гардидааст.

Ба наздикӣ мардуми шарифи ҷумҳуриамон ҷашни 27 – умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  дар фазои осоишта таҷлил менамоянд. Роҳи ташаккули давлати тозаистиқлол дар ин муддат пурмашаққат буд, вале талошҳои ҷоннисоронаю пайгиронаи Пешвои фидору хирадманди тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон натиҷаи мусбат ба бор овард. Тоҷикистон давлати пойдору рӯ ба тарақкӣ,  узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид. Вазифаи мо аҳли маорифчиён аз он иборат аст, ки ба хонандагон моҳияти ин рӯйдоди таърихиро фаҳмонем, то ба қадри осоиштагии имрӯза расида бошанд. Ба хонандагон хотиррасон намудани якчанд корҳои бунёдкоронаи ибтидои асри ХХ1 дар ин гӯшаи диёри кишвар аз манфиат холӣ нест.

Бо шарофати Ваҳдату Истиқлолият дар ноҳияи дурдасти Тоҷикобод корҳои ободонию бунёдкорӣ сурат гирифта, симои ноҳия рӯз то рӯз беҳтар гардид. Бунёди шоҳроҳи байналамиллалии Душанбе-Саритош,  қисмате аз ин шоҳроҳ тавассути ноҳияи Тоҷикобод ва дар даромадгоҳи ноҳия бунёд гардидани пули азими «Ваҳдат» сохтмонҳои  дорои аҳамияти стратегӣ буда, ҷумҳурии моро тавассути ин роҳ ба ҷумҳуриҳои ҳамсояи Қирғизистон ва Ҷумҳурии Халқии Чин пайваст, ки имрӯзҳо боиси густариши ҳамкориҳои тиҷоратии ин кишварҳо гардидааст. Дар ин давом дар ноҳия бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат калонтарин дар водӣ варзишгоҳи замонавӣ сохта ба истифода дода шуд, ки дорои зиёда аз 6,5 ҳазор ҳазор ҷои нишаст мебошад. Дар шафати роҳи байналмиллалӣ бунёд гардидани меҳмонхонаи замонавӣ ба рушди сайёҳӣ дар минтақа, ки дорои чашмаю дарё, кӯҳҳои сарбафалак ва пиряхҳои булурин мебошад, мусоидат менамояд.

Ҳамчунин дар ноҳия даҳҳо иншоотҳои таълимию маъмурӣ ва тиҷоратӣ бунёд гардиданд, ки ҳамаи ин бо шарофати Истиқлол ва Ваҳдату суботи кишвар ба даст омадаанд. Ҳадаф аз эълон гардидани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби Президенти мамлакат- тарғиб ва рушди имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ, эҳёи ҳунарҳои гузашта,  ҷалби ҷавонон ба ҳаёти самараноки ҷамъиятию сиёсӣ ва фарҳангӣ, бахусус ба касбу ҳунаромӯзӣ  бо  истифода аз нерӯи эҷодкору  созандаи онҳост. Баробари ин ҷавонони мо бояд аз донишҳои замонавӣ ҳамаҷониба бархурдор бошанд, нерӯи ақлонию зеҳнии созанда дошта бошанд. Зеро имрӯзҳо дар ҷаҳон илму технологияҳои навин босуръати ҳайратоваре рушд менамоянд. Бо ин роҳ пеши роҳи ифротгароию хурофотпарастӣ сипари мустаҳкам гузоштан  мумкин аст.

Аҳли омӯзгорони муасссисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии техникии ноҳияи Тоҷикобод” бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва Ваҳдату ягонаӣ кӯшиш менамоянд, ки баҳри сайқал додани донишу ҳунаромӯзии хонандагон талош варзида, барои дар оянда ҳамчун мутахассисони соҳибҳунар ба камол расидани хонандагон ҷаҳду талош варзанд.

                  Наботов Худойдод,Мудири хонаи методии Литсейи касбии техникии н. Тоҷикобод.

 

 

                         БА ОЛУДАШАВИИ МАФКУРАИ ҶАВОНОН НАБОЯД РОҲ ДИҲЕМ!

Дар вазъияти солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ  мардуми тоҷик ки парокандаю дилмонда буданд,  паёми сулҳу ваҳдати миллӣ, аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамватанони азияткашидаи моро болу пар бахшида, ба ҳаёти нави осоишта умедвору рӯҳбаланд намуд. Яке аз осори шуми ҷанги шаҳрвандӣ кирдорҳои На фирорию дарбадар гардидани қисмате аз мардум буд, ки дар миёни онон хусусан кӯдакону наврасон дучори ҷаҳолат мегардиданд. Аксари ифротгароёни харобиовари  ҷаҳони имрӯза, бахусус роҳбарони Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон, ки аъзоёни парвардаҳои ҷангу низоъҳои дирӯзаанд, ки ба мушкилоти сангини ҷомеа табдил ёфтаанд. Шукри Ваҳдати миллӣ, ки мардуми парешони моро ҷамъ овард, вагарна кӯдакон дар ҳар гӯшаю каноре ба доми ифротиён гирифтор шуда, ба ҷои чароғи илму ҳунар оташи даҳшату ҷаҳолатро меафрӯхтанд. Аз ин рӯ, дигар набояд ба олудашавии мафкураи наврасон роҳ диҳем, зеро оқибати ногувори онро мо ҳамарӯза шоҳид ҳастем.

      Мутаассифона, ҳанӯз ҳам дар кишварҳои исломӣ бархе аз наврасону ҷавонони мо ба таълимоти бегонаи мазҳабию динӣ  ҷалб карда шудаанд. Бо дастури Пешвои миллат ва саъю талошҳои  макомоти ҳифзи ҳуқуқу амният зиёда аз 3000 нафари онҳо бозпас оварда шуда, 300 нафари дигар низ бояд баргардонида шаванд.  Набояд ба олудашавии мафкураи наврасони мо роҳ диҳем, зеро оқибати ногувори онро мо ҳамарӯза шоҳид ҳастем.

Ба масъалаи тарбияи насли наврас нигоҳи наву ҷиддӣ зарур аст, роҳҳои амалиеро бояд дарёбем, ки  ба зеҳни кӯдакони имрӯза маърифату андешаи солим мустаҳкам ҷой бигирад, то фардо нохалафоне мафкураи ононро олуда сохта натавонанд. Умед аст, ки насли навини созанда таҳти роҳнамоиҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатамон чу симурғи саодат дар фазои  Ваҳдати миллӣ ва  сулҳу суботи сартосарии кишвар бар ҷуғзи ҷаҳолату ифрот пирӯз мегардад.

Дар кишвари Ҷопон, ки илму техника ва фарҳанги волоро дорост, дар се соли аввали таҳсил барои кӯдакон тарбияро ҳатто аз дониш афзалтар дониста, дар ибтидо ба онҳо арзишҳои ҳурмату эҳтиром, ҷавонмардӣ, меҳрубонӣ ва покизагиро меомӯзонанд.

Соли гузашта Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи чораҳои иловагӣ дар самти татбиқи «Қонуни ҶТ дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба тасвиб расид, ки тибқи  он омӯзгор, хонанда ва волидон дар якҷоягӣ барои таълиму тарбия, рушди маърифатнокиву ҷаҳонбинии солиму пешрафтаи хонандагон бояд ҳамкорӣ намоянд.

Баҳри амалӣ намудани ин санади муҳим дар муассисаи мо корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ шуда, омӯзгорон вазифадор карда шудаанд, ки зимни соатҳои тарбиявӣ дар ин самт бо хонандагон кор баранд. Мо ба хонандагон мефаҳмонем, ки ба қадри неъматҳои сулҳу осоиштагӣ, ин ободонию бунёдкориҳо аз ҳоло бирасанд, то дар оянда ҳаёти солиму созанда ва осоиштаро интихоб намоянд.

Ба насли навин  ҳамеша талқин кардан зарур аст, ки бояд ҳар як фарди бошарафи диёри мо дар ин шабу рӯз баҳри амалӣ намудани дастурҳои Ваҳдатофарини Пешвои муаззами миллатамон  содиқона талош варзида, Истиқлолияти ба дастомадаро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд.

  Ҷамшед Фозилов Омузгори “Литсейи касбии техникии ноҳияи Тоҷикобод”

.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code