Мавшварати августии кормандони саҳаи маорифи ноҳияи Тоҷикобод
Имрӯз, 28-уми августи соли равон, дар хонаи фарҳанги шаҳраки Тоҷикобод машварати августии омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардид.
Дар кори машварат, раиси ноҳияи Тоҷикобод Муҳтарам Нодираи Маҳмадисо, намояндаи Вазораи маорив ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Туронов Сайдмурод Шарипович кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоту шаҳраки деҳоти ноҳия, фаъолон, собиқадорони меҳнат ва омӯзгорон иштирок намуданд.
Машварати омӯзгорон бо маърузаи мудири шуъбаи маорифи ноҳия Носиров М ҳусни оғоз бахшида номбурда зимни баромади худ изҳор доштанд, ки «Соҳаи маориф дар сиёсати давлати соҳибистиқлоли мо, бахусус бо ибтикори Пешвои муаззами миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи афзалиятнок эълон гардида, пас аз Истиқлолият бо назардошти он, ки рушди кишварро бе рушди ин соҳа тасаввур наметавон кард, новобаста аз мушкилоти иқтисодиву буҳронҳои пай дар пайи ҷаҳонӣ, маблағузории соҳа рӯз аз рӯз афзӯн мегардад ва натиҷаҳо низ дар ин самт назаррасанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2017 таъкид доштанд, ки “ҳукумат барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад».
Аз ин рӯ, шуъбаи маорифи ноҳия дар соли 2018 фаъолияти худро дар доираи таъкидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, ҷиҳати амалигардии ҳама он дастуру супоришҳо аз тамоми имконот ва нерӯ истифода хоҳад бурд.
Дар радифи гуфтаҳои боло фаромӯш набояд кард, ки ноҳияи Тоҷикобод низ аз ин пешравию дастгириҳо истисно нест ва соҳаи маорифи ноҳияи мо низ рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, дар қиёс ба солҳои пешин ба таври куллӣ дигаргун гаштааст.
Масалан, дар давраи соҳибистиқлолӣ шумораи муассисаҳои таълимӣ аз 37 адад ба 43, аз ҷумла 10 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 13 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 20 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ расидааст, ки дар муқоиса ин як пешравии бузург дар соҳа ва дастоварди муҳим дар ноҳия мебошад. Чи хеле, ки ба ҳамагон маълум аст, маҳз бо дастгириву ибтикори Пешвои муаззами миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1997 инҷониб ҷиҳати дастгирии ҷавонони деҳот ва таъмини пурраи муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои баландихтисос квотаҳои президентӣ, аз ҷумла барои духтарон ҷудо мегардад ва ноҳияи Тоҷикобод низ аз он ҳамасола бархӯрдор аст. Имсол шумораи 21 нафар довталабони квотаи Президентӣ соҳиби унвони донишҷу гардиданд. Дар маҷмуъ ҳоло шумораи 99 нафар донишҷуён тариқи квотаи Президентӣ дар муассисаҳои олии кишвар таҳсил доран».
Баъдан раиси ноҳиияи Тоҷикобод муҳтарам Нодираи Маҳмадисо зимни сухарнии худ изҳор доштанд, “Шумо омӯзгорону устодон, аҳли маорифчиёнро пеш аз ҳам ба оғози Соли хониши 2018 -2019 ва ҳамчунин бо ҷашни 27- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар арафаи таҷлили ин ҷашни бузурги таърихӣ қарор дорем, табрику муборакбод гуфта бароятон нерӯи рӯзафзуни омӯзишу парвариш, болидарӯҳӣ, сарбаландиву хонаободӣ ва пирӯзиҳоро таманно мекунам.
Мактаб ин даргоҳӣ муқаддас аст, ки ҳар як фард дониш ва илму маърифатро маҳз дарон меомӯзад. Илму дониш нерӯи маънавиест, ки инсонро қувват мебахшад, чароғи маърифат аст, ки роҳи касро равшан месозад.
Фазилати инсон, пеш аз ҳама насли наврасро аз донишандӯзию илмҷӯӣ такомул меёбад ва онҳоро бароҳи дурусти зиндагӣ роҳнамои менамояд. Илму донш шахсро маъруф мегардонад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ қайд намудан, ки нишондиҳандаҳои нерӯи рушди инсонӣ аз се самти асосӣ – дасрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ иборат мебошанд. Дурнамои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакатамон ин бевосита ба соҳаи маорифу таълиму тарбияи омӯзгор вобастагии зич дорад.
Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат барои беҳтар гардидани вазъ дар самти мазкур тадбирҳои иловагиро амалӣ намуда, ислоҳот ва навсозиро дар ин соҳа босуръат пеш бурда истодааст.
Айни замон барои омодагӣ ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод 74 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ барои аз навсозӣ ва таъмир ба нақша гирифта шудааст, ки зиёда аз 20 иншоот ба соҳаи илму маориф тааллуқ дошта дар арафаи ҷашни дар боло зикргардида пурра сохта ба истифода дода мешаванд. Аз ҷумла, бинои таълимии нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии № – ҳои 2,7,18,27,31,37,38 ва 43, инчунин таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимии №-ҳои 3,4,5,9,10,12,15,20,30,33 ва бо лавозимоту таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудани муассисаҳои зикр шуда мисол шуда метавонанд.
Қобили зикр аст, ки тавассути сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Пезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати мамлакат баҳри рушду нумӯъӣ ин соҳаи ҳаёта муҳим ҳамасола маблағи зиёд ҷудо мегардад. Аз он ҷумла дар ноҳияи мо ҳаҷми умумии маблағи буҷети маҳаллӣ дар соли 2018 24 миллиону 600 ҳазорро ташкил медиҳад, ки аз ин 14 миллион сомонӣ, яъне 55 фоизи он ба соҳаи илму маориф равона гардидааст.
Илова бар ин бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешбурди соҳаи илму маориф барномаву стратегия ва лоиҳаҳои зиёде қабул гардидаанд, ки ҷиҳати беҳтар гардидани шароити таҳсил, боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагон чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.
Ғайр аз ин, аз 1- уми сентиябри соли равон зиёд гардидани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла маорфчиён низ то 15 фоиз аз дастгирии навбатӣ ва таваҷҷуҳи хосаи роҳбари давлат, Пешвои муаззами мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ин соҳаи ҳаётан муҳим дарак медиҳад.
Муҳтарм аҳли маорифчиён ! Дар баромади имрӯзаи мудири шуъбаи маорифи ноҳия паҳлуҳои гуногуни бурду бохти соҳа дарҷ ёфтанд, ки аз такрори онҳо сарфи назар карда ҳаминро қайд кардани ҳстм, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои мустаҳкам намудани заминаҳои миддию техникии муассисаҳои таълимӣ тамоми имкониятҳои дар даст доштаро равона намуда, ҷиҳати самарабахшии фаъолияти онҳо чораҳои амалӣ меандешад.
Дар фарҷоми сухан ҳаминро хотирнишон мезозам, ки мо бояд аз ин таваҷҷуҳи беандоза ва дастгириҳои рӯзафзуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон руҳу илҳоми тоза гирифта, ҷавобан ба ҳамаи ин ғамхориҳо ва баҳри сазовор шудани боварии роҳбарияти давлат, боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем. Зеро сифати омодасозии мутахассисони оянда аз ҳамин омилҳо вобастагӣ дошта, имкон медиҳад, ки мо дар соҳаи маориф ба натиҷаҳои боз ҳам бештар ноил гардем.
Бояд ёодовар шавем, ки дар машварати августии кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Тоҷикобо намояндаи Вазорати маориф ав илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Туронов С.Ш иштирок ва суханрони намуданд.
Ҳамзамон аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ба як қаторо омӯзгорон ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳо тақдим карда шуд.
Дар охир аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи консертии идона ба ҳозирин намоиш дода шуд.