Таҷлили «Рӯзи дониш» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 ноҳияи Тоҷикобод

Имрӯз, 01 сентиябри соли ҷорӣ бо иштироки  раиси ноҳияи Тоҷикобод муҳтарам Нодираи Маҳмадисо, судияи суди ноҳияи Тоҷикобод Қувватзода Фотеҳ, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Носиров М дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 ноҳияи Тоҷикообод Рӯзи дониш таҷлил карда шуд.

Нахуст роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия боҳамрҳи омӯзгорону хонандагон, дар саҳни муассиса суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба рӯзи дониш аз тариқи оинаи нилгун тамошо намуда, баъдан омӯзгорону хонандагонро ба рӯзи дониш, дарси сулҳ, табрику муборакбод намуда изҳор доштанд, ки “Соҳаи маориф дар сиёсати давлати соҳибистиқлоли мо, бахусус бо ибтикори Пешвои муаззами миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи афзалиятнок эълон гардида, пас аз Истиқлолият бо назардошти он, ки рушди кишварро бе рушди ин соҳа тасаввур наметавон кард, новобаста аз мушкилоти иқтисодиву буҳронҳои пай дар пайи ҷаҳонӣ, маблағузории соҳа рӯз аз рӯз афзӯн мегардад ва натиҷаҳо низ дар ин самт назаррасанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми  хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2016 таъкид доштанд, ки “Ҳукумат барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад». мо бояд аз ин таваҷҷуҳи беандоза ва дастгириҳои рӯзафзуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон руҳу илҳоми тоза гирифта, ҷавобан ба ҳамаи ин ғамхориҳо ва баҳри сазовор шудани боварии роҳбарияти давлат, боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем. Зеро сифати омодасозии мутахассисони оянда аз ҳамин омилҳо вобастагӣ дошта, имкон медиҳад, ки  мо дар соҳаи маориф ба натиҷаҳои боз ҳам бештар ноил гардем.

Ҳамзамон роҳбарияти ноҳия аз рафти дарси ” Сулҳ” дидан намуда, хонандагони синфи якум дар васфи Ватан, модар, мактаб, муаллим ва китоб шеърҳо қироат карданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code