Гузориш

аз мулоқотҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҷурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо интихобкунандагони навоҳии минтақаи Рашт ва ноҳияи Сангвор

ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ

 

Ҳадафи сафари  Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияҳои минтақаи Рашт, ки рӯзи 10 сентябри соли равон оғоз шуд, баргузор намудани  мулоқотҳо бо интихобкунандагон ҷиҳати шарҳу эзоҳи нуктаҳои муҳимтарини Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз  буд.

         Вохӯриҳо дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ва Лахш дар сатҳи баланд ва самимӣ баргузор гардиданд. То оғози вохӯрӣ  ва пеш аз гусели  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобкунандагони зиёд дар  ноҳияҳое, ки дидорбинииҳо ва суҳбатҳо  мегузаштанд, атрофи Шукурҷон Зуҳуровро печонда, бародарвор суҳбат мекарданд. Ҳар нафар талош мекард, ки бо вакили хеш дастӣ салом намояд ва аз ҳолу аҳволи хонаводаву хешу табораш пурсон шавад. Маълум буд, ки ӯ миёни мардуми ин навоҳӣ соҳиби обрӯ ва эҳтироми зиёд аст.  Хурду калон ӯро дӯст медоранд ва ифтихор менамоянд, ки фарзанди диёри онҳо аз рӯзе, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсати бузург қадам гузоштааст,  паҳлӯяш истода ва самимонаву содиқона ба миллату ватан хизмат менамояд.

         Бояд гуфт, ки интихобкунандагон ҳангоми ибрози андешаҳои хеш аз ҷонибдории сиёсати Пешвои муаззами миллат ҳарф зада, дар баробари ин хоинону душманони миллатро ҳушдор доданд, ки бо чунин кирдорҳои ваҳшиёна наметавонанд миллати ваҳдатофари тоҷикро бадном кунанду миёнашонро шикананд. Аз ин ба баъд тамоми мардум барои тарбияи дурусти ҷавонон дастҷамъона машғул мешаванд.

Сафари Раиси Маҷлиси намояндагон  ба ҳар як ноҳия якрӯзӣ идома ёфт.   Дар оғози суҳбат саломи самимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва беҳтарин таманниёти ӯро ба мардум мерасонд.    Ӯ ба фаъолон иброз дошт, ки аз вохӯрии гузаштаи мо то имрӯз қариб як сол сипарӣ шуд ва дар ин муддат дар минтақаи Рашт дигаргуниҳои зиёд ба чашм мерасад. Ин гувоҳи он аст, ки сокинони ин навоҳӣ  аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ҷонибдорӣ намуда, барои рушди диёр ва ободии он заҳмат мекашанд.

-Хеле шодам, ки ба дидори гарму мубораки  шумо расидам,-гуфт Шукурҷон Зуҳуров ба интихобкунандагон. —  Мусаллам аст, ки  дар давраи ҳисоботии  фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Паёми Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 декабри соли 2017 пешниҳод гардид. Ин рӯйдоди муҳими таърихӣ буд.

Паёми Президент дар вазъияте пешниҳод карда шуд, ки ҷаҳони муосир гирифтори равандҳои ҳассосу ташвишовар буда, аз як сӯи дигар бархӯрди манфиатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳарбии кишварҳои ҷаҳон дунёро ба носуботӣ кашиданд.

Дар чунин шароити бӯҳронӣ Паёми Пешвои миллат барои сокинони кишвар ва мо – вакилони парламент чун пайки таскинбахш ва раҳнамунсоз садо дод.

Паёми Пешвои миллатро ба шаш бахши асосӣ шартан тақсимбандӣ намудан мумкин аст.

 Бахши якум-таҳияи самти сиёсати хориҷии мамлакат

-Президенти мамлакат зикр намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон,-гуфт Шукурҷон Зуҳуров,-бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ-таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Ҷуғрофияи нооромӣ торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошад.

Тоҷикистон сиёсати “Дарҳои кушода”-ро чун меҳвари аслии муносибатҳои хеш бо ҷаҳони муосир муайян намудааст. Мо ин сиёсатро идома медиҳем ва дар ҷодаи таҳкими ҳамкориҳо бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон минбаъд низ чораҳои зарурӣ меандешем.

Соли 2018 дар айёми таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об -22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии мо- Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” барпо гашт.

Бахши дуюми Паёми Президент-сиёсати иқтисодӣ ва ислоҳоти низоми молиявии кишвар мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки соли ҷорӣ нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуда, суръати рушди воқеии иқтисодиёт ба 7 фоиз ва ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 60 миллиард сомонӣ баробар гардид. Ҳамчунин қайд гардид, ки тибқи дурнамо дар се соли минбаъда ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 30 фоиз афзоиш ёфта то 82 миллиард сомонӣ расонда мешавад. Қисми даромади буҷети давлатӣ дар маҷмуъ иҷро шуда,  ҳаҷми буҷети соли 2018 ба маблағи 21,3  миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шуд, ки  назар ба соли гузашта 7, 3 фоиз зиёд мебошад.

Нишондиҳандаҳои рушди неруҳои инсонӣ аз се самти асосӣ –дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ иборат мебошанд.

Бахши сеюми Паём-дурнамои рушди соҳаҳои саноат ва соҳибкорӣ дар кишвар.

Дар Паёми Пешвои миллат зикр гашт, ки соли 2017 дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар 150 корхонаи саноатӣ бо таъсиси се ҳазор ҷои кор бунёд гашт. Тайи ду соли охир ба иқтисоди миллӣ аз ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ беш аз 22 миллиард сомонӣ равона ва аз худ карда шудааст, ки шаш миллиард сомонии онро маблағи лоиқаҳои  давлатии сармоягузорӣ ташкил медиҳад.

Лоиҳаи таҷдиди неругоҳи барқи обии Норак дар ду марҳала бо ҷалби шаш миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда, марҳалаи якуми он оғоз ёфт.

Дар маҷмуъ барои таҷдиди неругоҳҳои амалкунанда беш аз 8 миллиард сомонӣ равона мегардад.

Бахши чоруми Паём сиёсати иҷтимоии давлат мебошад.

Дар буҷети давлатӣ вазифаҳои иҷтимоӣ ба инобат гирифта шуда Ҳукумати кишвар барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум пайваста чораҷӯӣ менамояд.

Дар панҷ соли охир маблағгузории соҳаи маориф аз буҷети давлатӣ 2, 3 баробар ва тандурустӣ 2, 1 баробар зиёд шудааст.

Бахши панҷум-масъалаҳои таҳкими давлатдорӣ ва таъмини амнияти миллӣ мебошад.

Пешвои миллат зикр намуданд, ки кишвари мо роҳи эъмори давлати ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошанд.

Бахши шашум-вазифаҳо барои оянда мебошад.

Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳоло ба шарофати заҳмати халқи соҳибмаърифату тамаддунсозаш ба марҳалаи нави рушд ворид шудааст.

Вазифаи муҳимтарини вакилони мардум, аъзои ҳукумат, роҳбарони тамоми идораву муассисаҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, кулли хизматчиёни давлатӣ, ҷавонону бонувон, аҳли зиё ва умуман хурду бузурги мамлакат аз он иборат аст, ки минбаъд низ саъю кушиши худро дар навбати аввал ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон сафарбар созанд.

Паёми Пешвои миллатро ҳамчун дастури раҳнамо дар фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати кишвар ва дар маҷмуъ барои кулли ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ унвон намуд.

Шукурҷон Зуҳуров дар мулоқотҳои хеш ба интихобкунандагон оид ба фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи сипаригардида  гузориш дод.

-Қобили зикр аст, ки  охирҳои моҳи июн,-гуфт Шукурҷон Зуҳуров,- баъди нуҳ моҳи заҳмати аҳлона фаъолияти иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  даъвати панҷум ҷамъбаст гардид. Мо дар ин марҳила низ тавонистем дар самтҳои асосии фаъолиятамон корҳои муҳимеро ба нафъи миллату давлати хеш ба анҷом расонем.

Ҳамзамон бори дигар амиқ дарк намудем, ки намояндаи халк будан  ҳам ифтихор ва ҳам масъулияти бузург аст ва аз виҷдони мо тақозо менамояд, ки барои ҳифзу ҳуқуки манфиатҳои интихобкунандагон, мардуми оддӣ ва ҳалли мушкилоту муаммоҳои рӯзгори онҳо бояд аз тамоми васоиту имконияти мавҷуда истифода барем.

         Маҷлиси намояндагон дар нӯҳ моҳи фаъолияташ 42 ҷаласаи Шӯро ва 26 ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор намудааст, ки дар онҳо  ба истисно аз масъалаҳои дорои хусусияти ташкилӣ 162 санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва теъдоди зиёди шартномаҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд ва қабул шуданд. Дар байни ин санадҳо 6 қонуни конститутсионӣ,  9 қонуни мукаммал, 50 қонун  оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо, 32 қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо, 53 созишнома, 1 конвенсия, 3 шартнома, 5 протокол, 2 ёддошт, 2 Барномаи давлатӣ ва як стратегияи ҳукумат ва нуҳ қарори Маҷлиси намояндагон доир ба масъалаҳои гуногун мебошанд, ки баррасӣ ва қабул шуданд. Дар умум санадҳое, ки дар ин давра аз ҷониби вакилон ба тасвиб расидаанд, аз лиҳози сифат низ ҷавобгӯ ба талабот буда, аз тамоми паҳлӯҳо таҳлилу  ташхис шуданд. Дар давраи ҳисоботӣ як чанд қонуни мукаммал қабул карда шуд, ки ҳама ба ниёзи мардум нигаронида шудаанд. Аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати густариши равобити хориҷӣ ва ҳамкориҳои иқтисодии кишвар даҳҳо шартномаҳои байналмилалӣ ҷонибдорӣ карда шуд.

         Раиси Маҷлиси намояндагон ба интихобкунандагон гуфт, ки шумо медонед, ки баъди 26 сол Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон сафари корӣ дошт. Давоми ин солҳо мо ба чӣ мушкилиҳо гирифтор будем.  Намояндагони давлати ҳамсоя барои бадном кардани давлати Тоҷикистон пайваста талош мекарданд. Ба ҳар восита мехостанд ба рафти кори бунёди НБО-и Роғун халал расонад. Омаду рафт ба кишваре,  ки хешутабори аксариятамон он ҷо истиқомат доранд, душвор буд.  Бо омадани Президенти нав ба сари кор ва талошҳои пайвастаи Пешвои муҳтарами миллат муносибати ду кишвари ҳамсоя ва ду миллате, ки тӯли қарнҳо ба якдигар дӯст буданд, тағйир ёфт. Қабули Шавкат Мирзиёев дар кишвари мо дар сатҳи баланд баргузор гардид.   Дар рӯзҳое, ки Президенти Ӯзбекистон  дар кишварамон меҳмон буданд, мо 27 санад имзо кардем. Хулоса як ташвиши бузург ҳалли худро ёфт. Агар ҳамсоя тинҷ бошад, мо худро осуда ҳис мекунем. Хушбахтона ҳама нофаҳмиҳо аз байн рафт. Дар чанд моҳ як миллион одам аз Тоҷикистон ба Узбекистон ва аз Узбекистон ба Тоҷикистон омаду рафт карданд.  Аз ин ба баъд дар асоси санадҳои қабул шуда одамон озодона ба мамлакати якдигар омаду рафт карда метавонанд. Агар бозори Осиёи Марказӣ обод бошад, бозорҳои мо бой мешаванд. Барқарор гардидани тиҷорат байни тоҷирони кишварҳои ҳамсоя барои кишварҳои минтақа манфиатовар аст.

Баъди сафари Президенти муҳтарами мо ба Узбекистон боз корҳо хубтар ба роҳ монда шуданд. Дар Узбекистон Пешвои муҳтарами миллатро дар он сатҳе қабул намуданд, ки  дар ҳеҷ давру замон дар ҷое президентеро қабул накарда буданд. Дар ин сафар боз 20 санади дигар ба имзо расид. Аз ҳама муҳимаш имзо гардидани шарикии стратегияи буд.  Дар нишасти матбуотӣ Президенти Ӯзбекистон гуфт, ки мо бо Тоҷикистон ягон масъалаи ҳалношуда надорем. Ба замми ин шартнома басташуд, ки дар дарёи Зарафшон дар вилояти Суғд ду НБО месозанд. Имсол барои сохтмони Роғун 5 милиард сомонӣ ҷудо шудааст ва бовар дорем, ки моҳи ноябри соли равон агрегати якуми НБО-и Роғун ба кор медарояд. Он рӯз дур нест, ки орзуи чандинсолаи мардуми Тоҷикистон ҷомаи амал мепӯшад.

         Лаҳзае ки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо самимият ва муҳаббат дар бораи дӯстии ду кишвари ҳамсоя ва самараҳои ин ҳамдигарфаҳмию хешутаборӣ ва ояндаи нек, ҳаққи ҳамсоя, мақоми ҳамсоя дар осоиштагии ҳамсояҳо сухан мегуфт, ин байти машҳур ёдам омад:

         Илоҳо, хонаи душман насӯзад,

         Ки дар паҳлӯи он ман  хона дорам.

Шукурҷон Зуҳуров бо интихобкунандагонаш дар мавзӯи дӯстӣ ва самараи он  ҳарф мезад ва ман беихтиёр байти машҳури устоди бузург Мирзо Турсунзода дар дил такрор менамудам:

         Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

         Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

         Дар ҳақиқат ин фармуда беҳикмат набудааст.  Чандин сол буд, ки муносибати ҳамсояи наздики мо боиси ташвишу нороҳатии сокинони кишвар буд. Пайваста бадном намудани Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ аз тарафи ҳамсояи наздик боиси пайдо гардидани мушкилоти нав ба нав мегардид. Ба Сарварони фарзонаи ҳарду кишвар, ки тавонистанд садди бузургро аз байн бардоранд, дар дил  аҳсант хондам.

         -Дар бораи масъалаи муҳиме бо шумо суҳбат кардан мехоҳам,- гуфт дар идомаи суханаш Шукурҷон Зуҳуров. — Ҳодисаи нохуше, ки 29 июли соли равон дар деҳаи Сафобахши ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон содир шуд, чор тан сайёҳи хориҷиро ваҳшиёна қатл карданд ва фазои ороми Тоҷикистони азизро ба ларза оварданд. Дар миёни ифротиён шаҳрвандони Тоҷикистон аз ноҳияи Панҷ ташкилкунандаи ин амали манфур Ҳусейн Абдусамадов , иҷрокунандагон Маҷидов Асомуддин ва Сафаров Зафар ва  ду нафар сокинони шаҳри Норак Юуфов Аслиддин ва Юсуфов Ҷаъфар дар ин ҳодиса иштирок карданд. Роҳбарашон Убайдов Носирхӯҷа зодаи ноҳияи Фархор аст, ки бештарин вақт дар Эрон зиндагӣ мекунад. Ин ҳодиса вақте ба амал омад,  ки мо ин солро Соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кардем. Агар соли гузашта ба Тоҷикистон дусад ҳазор сайёҳ омада бошад, баъди суҳбатҳо ва таҳлилу омӯзишҳо шаҳрвандони дигар кишварҳо дарк карданд, ки  Тоҷикистон кишвари ором аст. Сафи сайёҳон имсол ба 420 ҳазор нафар расид. Душман ҷои нозукро мекобад. Ҳусайн Абдусамадов чанд забон медонад, дар Мозандарони Эрон таълим гирифтааст. Ба Сурия рафта будааст. Ду маротиба барои даст задан ба ҷиноят ҳабс шудааст. Узви ҳизби наҳзати ислом. Аз соли 1992 дар Душанбе зиндагӣ мекардааст. Ҳамсояи Убайдов Носирхӯҷа будааст ва таълими ибтидоиро аз ҳамин одам гирифтааст. Вай пайрави мазҳаби салафия будааст. Ҳусайн Абдусамадов бо мақсади нигоҳубини бобои бемораш ба ноҳияи Панҷ меравад ва ҳамон рӯзҳо ин ду ҷавони дунёнадидаро мебинад. Дар давоми якуним моҳи истиқоматаш дар ноҳияи Панҷ ду ҷавони 19-соларо, ки писарони амакаш буданд, бо таълимоти ифротгароёнаи худ ба пайроҳаи гумроҳӣ мекашад. Ин ду ҷавон баъдтар ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Руссия рафтаанд. Бо даъвати Ҳусайн ба Душанбе меоянд. Ҳатто ба дидорбинии падару модарашон ба ноҳияи Панҷ намераванд. Ҳусайн Абдусамадов аз хоҷагони худ дастур гирифта буд, ки барои бадном кардани миллат ва давлати Тоҷикистон сайёҳонро ба қатл расонанд. Онҳо бовар доштанд, ки ин кор тамоми мардуми дунёро ба хашм меоранд. Тоҷикистонро дар ҳолати ногувор мемонанд. Баъд сайёҳонро аз ноҳияи Восеъ дунболагирӣ мекунанд.

         Ҳодисаи нангин содир шуд. Бовар дорем, ки тамоми ҷинояткорон барои гуноҳи содирнамуда ҷавоб медиҳанд. Вале гап дар ҷои дигар аст. Оё бо ҳамин масъала ҳалли худро меёбад? Оё душманони миллат дигар кишвари моро ором мегузоранд?  Кӣ кафолат медиҳад, ки душманон, ки аз содагӣ ва фориғболии бародарони мо истифода бурданд, боз ҷинояти навбатиро такрор намекунанд? Ҳеҷ кас дар фикри он набошад, ки ҳодиса дар ноҳияи Данғара шудаасту ҷинояткорон аз ноҳияи Панҷу шаҳри Норак буданд. Ягон ноҳия аз ин фоҷиа эмин нест. Агар мо бетарафӣ кунем, аз ин фоҷиа сабақ нагирем, душманони миллат метавонанд ҳар лаҳза чунин кирдори ваҳшиёнаро дар дигар гӯшаҳои кишварамон амалӣ намоянд. Мо наметавонем ором бошем, зеро душман азизтарин неъмати мо- фарзандони моро ба бадтарин усул ба муқобили  саодат ва оромии хонадони мо равона карда, номи миллати моро ҳамчун миллати хунхор ба ҷаҳониён муаррифӣ карданианд. Президенти Амрико баъди ду рӯз барқия фиристод. Ӯ миннатдорӣ кард, ки дар давоми 24 соат бо супориши Сарвари давлат мақомоти қудратии кишвар террористонро ёфта безарар гардонданд.

         -Дар ин маврид саволҳо ба ҳамаи мо зиёд аст,-суханашро идома дод Шукурҷон Зуҳуров.- Ба падару модар, ба омӯзгорон, ба бародарону хоҳарон, дӯстону ҳамнишинон, эмомхатибон. Зеро бадбахтие, ки ба сари кишвари мо омад, дар ҷои холӣ пайдо нашудааст. Ин равандест, ки дар давоми чанд сол ташкил ва қувват мегирад. Бисёриҳо бетарафӣ мекунанд. Мебинанду фориғболӣ мекунанд. Барои пешгирии ҳар гуна фалокат чора намеандешанд, талош намекунанд. Ҳамин буд, ки ба ин рӯз расидем.

          Мақсад аз ин суҳбати ошкорое, ки бо шумо нисбат ба ин ҳодисаи доғи рӯз  дорем, на сарзаниш кардан аст, на маҳкумкунӣ аст, ҳарчанд қонун саҳлангории баъзеҳоро маҳкум мекунад, балки таҳлили воқеии  вазъ, баррасии омилҳо ва роҳҳои пешгирии ҳуҷуми ғоявии душманони миллатро дар самти мағзшӯии фарзандонамон муайян кардан аст.  Чӣ бояд кард? Чӣ тавре Пешвои муҳтарами миллат Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд.мо бояд аз ҳарвақта дида ҳушёру зирак бошем. Аз ҳолу аҳволи фарзандонамон огоҳ бошем. Шукргузорӣ ва накукирдориро дар ниҳоди фарзандонамон тарбия кунем. Ҳар кадоми онҳоро дар рӯҳияи қадршиносӣ ба ватан, ваҳдат ва худшиносӣ тарбия намоем.

         Саводи кофӣ надоштан, тасаввуроти динии нодуруст доштан дар оила, дар маҳалла ва ҳалқаи ёру дӯстон сар зада, то  ҳаракату равияҳои тундрав рафта мерасанд. Дар ин самт домуллоҳои муҳтарам, хатибони масҷидҳо  бояд корҳои фаҳмондадиҳиро ҳамроҳи кормандони соҳаи дин ва дигар шахсони масъул ҷоннок намоянд. Онҳое, ки худро қурбони фитнаи мағзшӯён мекунанд, мушкилӣ ба фаҳми дурусти ислом доранд. Онҳо дар як шохаи шикаста ва сунъии ислом қарор доранд. Онҳое, ки мо  онҳоро аз ислом берун мегӯем, худро чунин намешуморанд, зеро онҳо исломро ҳамин тавр қабул доранд. Гуноҳи мусалмонони олам ин аст, ки онҳоро ба роҳи рост ҳидоят карда натавонистанд.

Чаро дар вақташ эмоми мазҳаби мо Нӯъмон ибни Собит, фарзандони бузурги миллати мо Абӯалӣ ибни Сино, Муҳаммад  -ал -Бухорӣ,  Муҳаммади Хуҷандӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абунасри Форобӣ,  Саъдии Шерозӣ, Баҳовиддини Нақшбанд, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон тавонистанд бо тоату ибодати солеҳ  ва таълимоти волои ахлоқиву  эътиқодиашон садди роҳи моҷароҳои динӣ гашта, забони ноби тоҷикиро ҳифз карда, то ба сатҳи тоату ибодат баланд бардоштанд. Инчунин дини исломро чун дини инсонгаро ва таҳаммулпазир муаррифӣ карда, дар рушди илму ирфон ва дониши фалсафии инсон ҳиссаи бебаҳс гузоштаанд. Вале имрӯз дар шароити давлати озоди демократӣ бо теъдоди 4000 масҷиду муассисаҳои динӣ мо натанҳо исломро дуруст муаррифӣ карда наметавонем, балки бо шиори давлатҳои динӣ фарзандонамонро қурбон мекунем, хонаи ободи худро вайрон, ватани азизи худро ноором карданӣ мешавем. Чаро дар даврони Шӯравӣ бо 7-10 масҷиду 5-6 муллои расмӣ Тоҷикистон тавонист мазҳаби ҳанафиро ҳимоя кунад, эътиқоди мардумро дар роҳи худошиносӣ бо вуҷуди расмияти атеизм бо усули таҳаммулгароӣ дуруст роҳандозӣ намуда, ба ҷавонон ахлоқи ҳамида ва рафторҳои шоиста омӯзонад, аммо имрӯз бо зиёда аз 4000 масҷид, тақрибан ҳамин қадар мактабҳои миёна, ҳазорҳо нафар домуллоҳои дар хориҷа таълимгирифта мо ҷавононамонро                                                                                                                                                                                                                                                      натанҳо аз ахлоқи инсонӣ дур кардем, балки ба вартаи ифротгароӣ ва террористӣ бурда истодаем. Чаро дар масҷиду нишастҳои маҳалла ба мардум намефаҳмонем, ки “Худованд накӯкоронро дӯст медорад.

         Худованд ба мо саодат мехоҳад, мо хонаи ободамонро вайрон мекунем, Ӯ ба мо сабукӣ мехоҳад, вале мо вазнинӣ  эҷод мекунем. Ӯ ба мо таълими эҳтироми падару модар, дӯст доштани ватан, таълиму тарбияи фарзандро меомӯзад, аммо эҳтиромро фаромӯш мекунему фарзандонро ба роҳи нодуруст ҳидоят мекунем

         Дар охир ба аҳли нишаст муроҷиат карда гуфтаниам, ки ҳодисаи нанговари бавуқӯъ омада бо вуҷуди вазниниву сангиниаш руҳи мардуми бофарҳангу  қавиирода ва меҳнатдӯсти Тоҷикистонро ҳаргиз шикаста наметавонад. Аз ин амали зишт ҳар як шаҳрванди кишвар аз ҷумла ҳар яки  шумо низ сабақи дуруст бардорад, гуфт дар хатми вохӯриҳо бо интихобкунандагон Шукурҷон Зуҳуров.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code