Фестивал – озмуни Ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ
Андалеб 2018 дар ноҳияи Тоҷикобод
Имрӯз дар ноҳияи Тоҷикобод бахшида ба 27 солгарди Истиқлолияти давалатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои дар амал тадбиқ намудани «Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайри моддии халқи тоҷик барои солҳои 2013 – 2020». Фестивал – озмуни Ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ Андалеб 2018 баргузор гардид. Мақсади асосии Фестивал – озмун дарёфти истеъдодҳои ҷавон, чеҳраҳои нави санъати миллӣ, баланд бардоштани ҳиси хештаншиносӣ, ватандорӣ, ифтихори миллӣ, баракати Истиқлолият, эҳёи анъанаҳои мардумӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, хушсуханиву ҳаҷвнигорӣ, мустаҳкам сохтани ваҳдату ягонагӣ ва дустии халқҳои сарзамини Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Инчунин бахшида ба “Соли рушди сайёҳи ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ” намоиши дастранҷи ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия баргузор гардида, меҳмонону сокинони ноҳия аз он дидан намуданд.