Дар ноҳияи Тоҷикобод даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Рӯзи 3-юми апрел дар назди комисариати харбии ноҳия 17 нафар ихтиёриён барои адои қарзи шахрвандӣ сафарбар гардиданд.
Дар ин рӯз дар саҳни комисариати харбии ноҳия бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Тоҷикобод муҳтарам Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо намояндагони мақомоти иҷроия, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, волидон ва даъватшавандагон, чорабинии тантанавӣ доир гардид. Дар қисми тантанавии чорабинӣ Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Тоҷикобод муҳтарам Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо суханронӣ намуда, даъватшудагон ва волидонро ба муносибати оғози даъвати баҳории наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар адои ин масъулияти баланд ва қарзи шаҳрвандӣ барору бурдбориҳо таманно намуд. Аз ҷумла қайд намуд, ки бо шукргузорӣ аз истиқлолият ва оромии кишвар сол аз сол сафи ҷавонони ғаюру ватандӯсти ноҳияи Тоҷикобод ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мепайванданд, афзуда истодааст. Ихтиёран ҳозир шудани ҷавонон аз деҳоти гуногун ба комиссариати ҳарбӣ аз ҳисси баланди масъулиятшиносии онҳо шаҳодат медиҳад.
Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод Назризода Маҳмадтоир, комисари комисариати ҳарбии ноҳия майёр Далер Раҳимов раиси ветеранҳои ноҳия Абдусамад Идрисов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Муҳаммад Шоев баромад намуда аз корнамои ва диловарии фарзандони Ватан дар тули таърих ёдовар шуданд. Дар қисмати дуюми чорабинӣ баҳри фараҳ ва хушҳолии даъватшудагон ва волидони онҳо барномаи консертии дастаи ҳунарии шуъбаи фарҳанги ноҳия пешкаши ҷамъомадагон гардонида шуд. Зери суруд ва мусиқии ҳунармандон волидон бо наваскарони худ рақсида, бо дуои нек онҳоро ба хизмати Ватан-Модар дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел карданд.