Баргузории 74-умин солгарди ҷашни Ғалаба бар фашизм
Дар ноҳияи Тоҷикобод 74-умин солгарди ҷашни Ғалаба бар фашизм дар толори қасри фарҳанги ноҳия бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо намояндагони мақомоти иҷроия, мақомотҳои қудратӣ собиқадорони ҷангу меҳнат ва дигар қишрҳои ҷомеа иштирок намуданд.
Дар рафти чорабини Раиси ноҳия Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо, комисари комисарияти ҳарбии ноҳия майёр Далер Раҳимов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Муҳаммад Шоев ва раиси ветеранҳои ноҳия Абдусамад Идрисов баромад намуда аз корнамоиҳо ва шуҷоати қаҳрамонон ва диловарони тоҷик дар сафҳои Армияи Сурх ёдовар шуданд. Аз ҷумла Раиси ноҳия Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо дар баромади хеш қайд намуданд, ки: Расо ҳафтоду чор сол пеш тамоми халқҳои собиқ Иттиҳоди шуравӣ аввалин бор рӯзи 9-Майро ҳамчун рӯзи Ғалабаи Армияи Сурх бар Германияи фашистӣ бо тантана таҷлил намуда буданд ва аз ҳамон дам ҳамасола ин санаи таърихӣ ҷашн гирифта мешавад. Имрӯз ҳеҷ кас ҳақу ҳуқуқ надорад, ки ин бузургтарин ҳодисаи ҷаҳониро инкор кунад ва ё нисбати қаҳрамонӣ ҷонфидоӣ ва ватандӯстии милионҳо одамони Шуравӣ носипосӣ намояд. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ 27 милион одамони Шуравӣ, аз ҷумла 90 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалок гардиданд. Аз маъхазҳои таърихӣ бармеояд, ки дар таъмини ин ғалабаи бузург ҳар хонадони сарбаланди собиқ ноҳияи Қалъаи лаби об, имрӯза Тоҷикобод саҳмгир будааст. Насли даврони ҷанг чӣ дар фронтҳо, чӣ дар ақибгоҳ мардонагию ҷасорати бемисл нишон доданд. Ду нафар фиристодаҳои ноҳия Ҳайдар Қосимов ва Қудрат Қаюмов барои нишон додани корнамои лоиқи унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ гардида, садҳо нафар бо орднҳои баландмақом ва мукофотҳои ҷангӣ сазовор дониста шуданд.
Дар анҷоми баромадашон раиси ноҳия тамоми мардуми шарифи ноҳияро бо 74-умин солгарди иди Ғалаба табрику таҳният гуфта аз номи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба ветеранҳои ҷангу меҳнат ва як гурӯҳ кормандони мақомотҳои қудратӣ сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Дар охири чорабинӣ барномаи театрикунонидашудаи санъаткорони Бахши фарҳанги ноҳия пешкаши ҳозирин гардонида шуд.