Сулҳ дастоварди муқаддаси миллат
Ҳар гоҳе дар бораи Ваҳдат биандешем, беихтиёр солҳои душворе, ки пеш аз ин сулҳи деринтизор аз сари халқамон гузаштанд, ба ёд меоянд. Оре, душвор буд ба сулҳу ризоият расидан. Таърих гувоҳ аст, ки таъмини сулҳи сартосарӣ, хомӯш намудани ҷанги шаҳрвандӣ, ба даст овардани ризоияти миллӣ дар як муҳлати кӯтоҳ на ба ҳама миллат ва халқҳои дунё даст медиҳад. Мисоли он авзои сиёсии печидаи давлати ҳамҷавору ҳамзабони мо Афғонистон аст, ки ҳанӯз ҳам ором нагардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хишти аввалу охири рахнанопазири ваҳдати Тоҷикистонро гузошт. Ин марди тавоно бо сиёсати оқилона ва дурандешонаи худ тавонист, ки забонаҳои оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш кунад. Ватанро аз вартаи ҳалокат наҷот бахшад, гурезаҳои сарсонро баргардонад, ба ободии мамлакат камар бандад. Ин абармарди миллат тавонист дар такя бо хиради азалии сулҳпарваронаи халқи тоҷик ва фарзандони шоистаи он рисолати таърихии худро дар ин марҳилаи душвор шарафмандона пушти сар намояд.
“Қадри зарро заргар бидонад” гуфтаанд. Ба ин шева мардуми водии Рашт, билхоса Тоҷикобод, ки наздик ба як даҳсола азияти беқиёси ҷанги шаҳрвандиро дидаанд, бояд ба қадри зар-сулҳ бештар бирасанд.
Имрӯз, ки дар фазои сулҳу оромиш умр ба сар мебарем, фарз аст он солҳои пуртаҳлукаи Раштонзамин ва нуқтаи пурдоғи он Тоҷикободро ба хотир орем, ёд аз он фарзандони дилсӯзи халқ кунем, ки барои ба сулҳу оштӣ расонидани халқ ҷони хешро ба гарав гузоштанд. Он солҳо бо ҷурми худиву бегона чандин нафар фарзандони номдори ноҳия талаф ёфтанд. Хисороти бемислу монанд ба амволи ҷамъият ва давлат расид. Шояд мо ҳар қадар аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дуртар мешавем ба қадри сулҳу мусолиҳа дар кишварамон камтар мерасем, зеро қадри сулҳу оштиро онҳое медонанд, ки бевосита даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронида, дар вуҷуди худ онро ламс кардаанд. Агар касе аз он солҳо ёд кунад, дили фарди соҳибназар ва умуман некрой сиёҳу табъаш хира мешавад. Охир, замоне буд, ки кишвар дар гирдоби бало уфтода. Шоҳидони аламдидаи он ҳодисот бо ба ёд овардани он солҳо ашки талх мерезанд. Дил мехоҳад, дигар аз он рӯзгор ёд накунем. Аммо барои сабақи наслҳои оянда дар бораи Ваҳдати миллат сухан гуфтан қарзи виҷдонии мост. Ҳанӯз ҳам аз ёдҳо садои тиру борут, хушунату таҳқир, навҳаи модарону арӯсон барои фарзанд ва шавҳарони бемаврид аз даст додаашон нарафтааст. Бале, яке дар ҳаққи бародар, дигаре хоҳар, савумиҳо барои фарзанд, аммо мардуми Тоҷикистон дар маҷмуъ барои миллат мегиристанд. Ба қавле хоки Ватан безор аз мурда гардида, умед ба фардо намонда, яъсу ноумедӣ ва аз зиндагӣ даст шустан амри воқеӣ гардида буд. Он шабу рӯзҳо шоири дилаш аз ин фоҷиаи миллат захмину хуншор гардида Лоиқи равоншод ба кӯи номуродӣ афтода ғазале иншо намуда буд, ки бозгӯи вазъи ҳол аст:
Ҷон ба қурбони ту, эй меҳани хунинкафанам,
Будӣ байтулшарафам, гаштаи байтулҳазанам.
Дӯст душманнасақу душмани ту дӯстнамост,
Рост гӯям, бипаронанд зи чашму даҳанам.
Тоҷик андар Ватани хеш чаро муттаҳам аст,
Ё хато рафта ба тоҷик таваллуд шуданам.
Оре, ба сари мардум он қадар даҳшат оварданд, ки ба ҳафт пуштамон басандааст. Аз зарби фишору зӯровариҳо, озору лату кубҳо имрӯз бархе дучори фишори хуну дили дардманд, асаби харобу ноустоворанд, солҳои дароз ҳамдиёрони ҷилои Ватан карда ва дар ғурбат умр ба сар бурда низ кам набуданд.
Он чанд соли пур аз фоҷиа, пур аз дарду доғ ва пур аз нолаву шеванро пеши рӯ биёред. Оё дигар мо ҳақ дорем, ки ба он рӯзҳо бозгашт кунем? Оё ҳуқуқи онро дорем, ки боз ба ҳарфи бегонае ё бебасаре гӯш бидиҳем? На! Дигар касе аз мо чунин ҳуқуқро соҳиб нест. Зеро насли оянда ва имрӯз ба ҳеҷ ваҷҳ гуноҳамонро намебахшад.
Аз имзои санади таърихие, ки 27 июни соли 1997 дар Маскав бо номи Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, 22 сол сипарӣ мешавад. Ва ҳамин сулҳ аст, ки 22 сол боз ба василаи он амният дар ҷомеа пой барҷост. Беҳтарин пайғоми дӯстиву рафоқат Ваҳдат аст. Агар дӯстиву рафоқат, самимият аз даст рафт, пас бояд донист, ки ваҳдат ва баробариву бародарӣ низ осебпазир хоҳад буд. Зеро сулҳ дастовардест, ки аз он ҳама, аз кӯдаки гаҳвора то пири садсола ниёзманд аст.
Сулҳ барои кишвар монанди ҳаво, барои инсон мабдаи ҳаёт аст. Пас ҳифзи ҳамешагии ин гавҳари ноёб қарзи шаҳрвандии ҳар кадоми мост. Баходур Абдусаторов рузноманигор