Истиқболи ҷашни Ваҳдати миллӣ бо қудуми мубораки Пешвои миллат
Достони Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон хеле доманадор, пурҳикмат, дорои ҳодисаву воқеаҳои зиёд ва ҷоннисориҳои фарзандони баруманди миллат буда, он ба як ҷашн ва идди миллӣ табдил шудаааст. Ҳамасола ин рӯз дар саросари Тоҷикистони азиз ҷашн гирифта шуда мардум бо шукргузорӣ аз оромӣ ва осудагии имрӯз онро ҳамчун беҳтарин иди миллат бо тантана ҷашн мегиранд.
Бо талош ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 сол муқаддам 27 июни соли 1997 созишномаи Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки миллати парешони тоҷикро боз ба ҳам овард ва шуълаи умедро барои фардои дурахшон дар дили мардуми аз оташи ҷанг хасташуда фурӯзон намуд. Ин санаи муборак аз хурд то бузурги Тоҷикистони азизро такони ҷиддӣ дода водор намуд, ки дигар байни якдигар кинаву адоват ва душманиро хотима дода барои бунёди давлати демократӣ ҳуқуқбунёд ва дунявӣ камари ҳиммат бубанданд. Дар такя ба воқеиятҳои таърихӣ метавон гуфт, ки Ваҳдати миллии тоҷикон маҳз дар заминаи талошҳои пай дар пай, ҷоннисорона, ва қаҳрамононаи фарзанди фарзонаи миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд, арзи ҳастӣ кардааст, аз ин лиҳоз ин абармарди дунёи сиёсат воқеан сазовори номи баланди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мебошад. Инак 22 сол аст, ки мо ин санаи муборакро дар фазои амну суботи сартосарии кишвар ҳамчун фарзандони як модар, ангуштҳои як даст, шохобҳои як рӯд ҷашн мегирем. Бале 22 сол аст, ки таҷрибаи сулҳофарии тоҷиконро аҳли сайёра меомӯзанд ва ба роҳбари оқилу хирадманди мо аҳсан мехонанд.
Имсол ин санаи муборак ба сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба навоҳии минтақаи Рашт рост омад. Президенти мамлакат аз рӯзҳои 24 то 27-июн тули ин сафари кории худ ба ноҳияи Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш якчанд иншоотҳои муҳими хоҷагии халқро мавриди истифода қарор дода, бо аҳолии ин навоҳӣ вохуриҳои судманд анҷом доданд. Дар доираи сафари худ ба ноҳияи Тоҷикобод Сарвари давлат Маҷмааи Парчам ва нишони давлатиро дар шафати варзишгоҳи марказӣ, ҳамчунин бинои маъмурии шабакаи барқро мавриди истифода қарор дода, аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва дастовардҳои ҳунармандони ноҳия дидан намуданд. Сипас бо сокинони ноҳия дар яке аз ҷойҳои хушманзараи деҳаи Сари пул мулоқоти судманд анҷом доданд. Сӯҳбат хело самимӣ ва озодона сӯрат гирифта, Сарвари давлат қайд намуданд, ки ноҳияи Тоҷикобод низ як қисмати ватани азизамон Тоҷикистон буда дар давоми 28 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Аз ҷумла дар ин солҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳуриӣ ба ин ноҳияи дурдаст аҳамияти махсус зоҳир гардида, роҳу купрукҳо, мактаб, меҳмонхона, бунгоҳҳои тиббӣ, идораҳои ташкилоту муассисаҳо корхонаҳои хурди истеҳсолӣ ва дигар иншоотҳои ҳаётан муҳими хоҷагии халқ сохта шуда, имрӯзҳо мавриди истифода қарор доранд. Тибқи «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Тоҷикобод барои солҳои 2018-2020» амалисозии 182 лоиҳа ба маблағи умумии 117,6 милион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Баъди қабули барнома 20 лоиҳа бо маблағи 10 милион сомонӣ татбиқ ёфта, дар 25 лоиҳаи дигар бо маблағи 37 милион сомонӣ корҳо идома дошта, 6 лоиҳа мавриди омӯзиш қарор дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат ба норасоии кадрҳо дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ аҳамияти махсус зоҳир карда, ба 36 нафар духтарони деҳот, ки макотиби миёнаро хатм намуда, хоҳиши идомаи таҳсил доштанд роҳхат ба макотиби олӣ доданд. Дар фароварди сӯҳбат мардуми ноҳия ва дар маҷмуъ мардуми тамоми Тоҷикистонро ба ин рӯзи хуҷаста яъне 22-юмин солгарди Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон самимона муборакбод намуданд. Зимни суханронӣ Пешвои муаззами миллат аз тамоми мардуми ҷумҳурӣ даъват ба амал оварданд, ки ба қадри ин гавҳари қимматбаҳо яъне сулҳу субот ва оромӣ дар ҷомеа бирасанд ва нагузоранд, ки бадхоҳони миллати тоҷик барои манфиатҳои шахсӣ ва ё гурӯҳии худ дубора ин миллатро парешон созанд.