Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»

         

            Дар толори шуъбаи фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод даври аввали  озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» баргузор гардид. Дар озмун раиси ноҳияти Тоҷикобод Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо, Сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳанги фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғуломзода Қурбон, намояндагони ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таълимӣ ва доираи васеи ҷавонон  иштирок намуданд. Озмуни мазкур бо мақсади сазовор ва дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси  Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ( аз 16 ноябри соли 2018, № АП 1127) ва қарори раиси ноҳияи Тоҷикобод (аз 14-декабри соли 2018, № 871 ) амалӣ мегардад.

            Тибқи иттилои масъулин ҳадафи асосии баргузор намудани озмун ин оммавигардонии равияҳои гӯногӯни мусиқии касбии тоҷик, муарифии истеъдодҳои нави санъати тоҷик, фароҳам овардани шароит баҳри дарёфти истеъдодҳо ва  гурӯҳҳои ҳунарӣ дар байни наврасону ҷавонон дар самти равияҳои гуногуни жанрҳои сарояндагӣ мебошад.   Мусоидат дар ташаккули завқи зебоипарастӣ ва баланд бардоштани малакаи иҷрокунандагӣ, дарёфти роҳҳои нави ғанӣ ва мукаммал гардонидани репертуари сарояндагон бо асарҳои нав,   баҳри баланд бардоштани нуфузи мусиқии касбӣ ва анъанавии тоҷик низ аз хадафхои асосии чорабини маънидод мегардад. Ба иттилои масъулин чорабини ба  ташаккул  раванди неруи эҷодӣ ва дарёфти чеҳраҳои нави иҷрокунандагӣ, тарғибу ташвиқи ҳунари асил, ҳифзи беҳтарин анъанаҳои фарҳангӣ ва ҳунари миллӣ, тарғиби ашъори  шоирони классику муоссир, омода намудани онҳо ба озмуну фестивалҳои сатҳи байналмилалӣ, инъикоси дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва дар ин замина тарбияи худшиносиву хештаншиносии миллӣ ва тарбияи маънавии ҷомеа дар даврони бархурди тамаддун ва ҷаҳонишавии фарҳанг мусоидат менамояд.

             Ҳайати ҳакамон бо сардории муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод Назризода Маҳмадтоир  ва аъзоёни  он мудири шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеа  Абдулозода Ҳикматулло, мудири бахши фарҳанг Саломуддин Кобулив, сармуҳарири рӯзномаи «Паёми Тоҷикобод»  Баҳодур Абдусаторов, мудири маорифи ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадрасул Гулов,  директори муассисаи таълимии таҳсилоти умумии №13 Суҳроб Ваҳобов ва мудири бахши кор бо занон ва оила Меҳринисо Гадозода ба маҳорат ва истеъдоди иштирокчиёни озмуни мазкур баҳои баланд  дода, аз 53 нафар иштирокдорон 18 нафар беҳтаринҳоро муайян ва ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат доданд. Дар ҷамъбасти даври аввали озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», ки  аз рӯи наминатсияҳои оҳангсоз, сароянда, навозанда, шоир ва ровӣ баргузор гардид, аз тарафи Мақомоти иҷроияии маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ба ғолибон ифтихорномаҳо тақдим гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code