Баргузории Иҷлосия дар Тоҷикобод

        Дар ноҳияи Тоҷикобод Иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқ оиди  натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ – иқтисодии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2019 баргузор гардида,  вазифаҳои минбаъда барои нимсолаи дуюми соли 2019 муайян гардиданд.                         

 

 

        Зимни баромади хеш раиси ноҳияи Тоҷикобод муҳтарам Маҳмадшозода Ҳабибулло Ғайратшо қайд намуданд, ки муҳимтарин воқеае, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба вуқуъ пайваст, сафари хизматии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Тоҷикобод буд, ки 25 июн баргузор гардид. Ҷои ифтихори ҳамаи мову шумо ва дар маҷмуъ мардуми шарифи ноҳияи Тоҷикобод аст, ки боздиди навбатии Пешвои муаззами миллат  дар сатҳи баланд доир гардид, ки ҳама ҳоло зери таассуроти он қарор дорем. Ҳамчунин  дар давраи омодагӣ ба сафари Пешвои миллат корҳои зиёди ободонию созандагӣ дар ноҳия арзи вуҷуд намуда, симои ноҳияаамон дигаргун гардид.

     

        Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташон ба сокинони сершумор ва боздидашон аз иншоотҳо назди мардуми ноҳия дастуру супоришҳои таъхирнопазир гузоштанд, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо мо бояд онҳоро амалӣ гардонем.

    Раиси ноҳия муҳтарам Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо ҳамчунин қайд намуданд, ки баъди ду сол халқи тоҷик бузургтарин ҷашни миллӣ – 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамояд. Бо Амри Президенти мамлакат барои истиқболи сазовори ин ҷашн бояд дар  саросари ҷумҳурӣ корҳои ободонию созандагӣ густариш дода шаванд. Тибқи нақша чорабиниҳо ба истиқболи ин ҷашни муҳими миллӣ  дар ноҳияи Тоҷикобод низ сохтмони 74 иншооти таъиноти гуногун дар назар аст.        

        Мувофиқи нақшаи чорабиниҳо соли 2019 мебояд корҳои сохтмонӣ дар 27 иншоот анҷом ёбанд. Аммо рафт ва суръати кор дар аксар иншоотҳо суст ҷараён дорад. Бунёди як қатор иншоотҳо ба зиммаи соҳибкорон ва фаъолону аҳолӣ вогузор буда, нигаронкунанда он аст, ки дар қисми аз онҳо то ҳол кор оғоз наёфтааст.

        Нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ноҳия ба маблағи 2 млн. 246 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмону васлгарӣ ба итмом расонида шудааст, ки аз ин 1 млн 296 ҳазораш бо маблағгузории шарикони рущд амалӣ гардидааст. Аз ҷумла, барои таъмири Литсейи касбӣ- техникӣ 600 ҳазор сомонӣ, маркази дастгирии бонувон 400 ҳазор сомонӣ, бунгоҳи тиббии деҳаи Гулрез 24 ҳазор сомонӣ, бинои муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ 85 ҳазор сомонӣ азхуд карда шудааст. Ҳамчунин аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ 950 ҳазор сомонӣ дар ба ҷо овардани корҳои сохтмонӣ дар биноҳои қасри фарҳанг, идораи шабакаи барқ, таъмири муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  рақами 10 сарф гардидааст.

       Таҳлилҳои раиси ноҳия дар ҳисоботашон нишон дод, ки захираву имконот ҳоло ҳам  дар ҳама самтҳои хоҷагии халқи ноҳия фаровон истифода намегардад. Аз ҷумла боқи мондани бақияпулиҳои андоз, то ҳол ба назар расидани қонунвайронкуниҳо дар мавриди истифодаи замин инчунин ҷой доштани камбудиҳо дар фаъолияти муассисаҳои таълимӣ  фарҳангӣ ва тандурустӣ аз мушкилот дар нимсолаи соли равон арзёбӣ гардида, барои бартараф намудани камбудӣ ва мушкилот дар ин самт ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

  

          Пас аз таҳлилу натиҷагириҳои вакилон бо дарназардошти масъалаҳои барррасигардида Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тоҷикобод (даъвати панҷум) ба қарори зайл расиданд:  

  1. Фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш баҳогузорӣ карда шавад.
  2. Вобаста ба эълон шудани солҳои 2019-2020 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз тамоми сокинони ноҳия даъват ба амал оварда шавад, ки барои ҷаъмбасти бобарори сол масъулияти бештар ҳис намоянд.
  3. Раёсати молия, Нозироти андоз, ҷамоатҳои деҳот, шуъбаи кишоварзӣ, идораи беҳдошти замин ва обёрӣ, Шабакаҳои барқи ноҳия вазифадор карда шаванд, ки барои иҷрои саривақтии нақшаи пардохти маблғи обу барқ ва андозҳо, сарфи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва роҳ надодан ба хароҷоти дуюмдараҷа, ҳисобии бақияпулиҳлиҳо ва минбаъд роҳ надодан ба замшавии онҳо аз тамоми имконоти мавҷуда истифода баранд.
  4. Нисбати субектҳое, ки бақияпулиашон то моҳи декабри соли ҷорӣ ҳисобӣ намешаванд, мутобиқ ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозироти андоз чораандешӣ намояд.
  5. Барои назорати доимии коркарди агротехникӣ ва обёрии саривақтии зироатҳо, эмкунии чорвои калон ва хурд, парандаҳои хонагӣ бо мақсади пешгирии гирифторшавиашон ба бемориҳои гузаранда муовини соҳавии раиси ноҳия, шуъбаи кишоварзӣ ва идораҳои ёрирасони соҳа вазифадор карда шаванд.
  6. Шуъбаву бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод дар ҳамдастӣ бо мақомоти дахлдор барои роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо аз тарафи ҷавонон ва наврасон, пешгири аз шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва тундрави динию мазҳабӣ, иҷрои қотеъонаи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои динӣ» корҳои корҳои фаҳмондадиҳиро бо сокинон ва махсусан ҷавонону наврасон вусъат диҳанд.
  7. Барои сазовор истиқбол намудан аз солгарди рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои нақшаи чорабиниҳои таҳиягардида, таъмин карда шавад.
  8. Қарор тавассути рӯзномаи ноҳиявӣ ва дигар расонаҳо ба самъи шаҳрвандони ноҳия расонида шавад.

                                                                                                   Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия                                                                                                          Маҳмадшозода Ҳ.Ғ.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code