Тантанаҳои ҷашни Истиқлол дар Тоҷикобод
“Тоҷикобод диёри дар ҳақиқат биҳиштосо буда, номи хеле зебо дорад, он ҳамрадифи номи миллат ва номи Тоҷикистони азиз, ҳамсоли даврони соҳибистиқлолии кишвар аст”. Эмомалӣ Раҳмон
Ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Дар оғози чорабинӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир гардид, ки дар он ҳунармандон аз ҷамоатҳои деҳоти ноҳия маҳсули дастони худро пешкаши меҳмонону сокинон намуданд.
Дар барномаи идона, ки дар варзишгоҳи марказии ноҳия баргузор гардид, сокинонро намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хол Карим Иброҳим табрик намуда, доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар суханронӣ намуд. Дар сухани табрикии раиси ноҳия Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо зикр гардид, ки даврони соҳибистиқлолӣ симои як гӯшаи дурдаст ва хурди Тоҷикистон – ноҳияи Тоҷикобод ба таври шинохтанашаванда дигаргун гардид. Тоҷикобод ҳамсолу ҳамнафас дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Аз ин лиҳоз, ки агар Тоҷикистон соли 1991 Истиқлолият ба даст оварда бошад, аз нигоҳи маъмурӣ ҳамон сол ноҳияи Тоҷикобод аз нав эҳё гардид.
Дар ин муддат дар ноҳия иншоотҳои хурду бузург, аз қабили биноҳои наву хуштарҳи маъмурию маишӣ, марказҳои тиҷоратӣ, биноҳои нави бунгоҳ ва марказҳои саломатӣ дар гӯшаҳои дурдаст, мумфарш ва чароғон шудани кӯчаҳои марказии ноҳия, бунёди калонтарин варзишгоҳ дар водӣ, меҳмонхонаи сеошёнаи замонавӣ ва чандин иншоотҳои зарури хоҷагии халқ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Яке аз рӯйдодҳои муҳим ин бунёди шоҳроҳи байналмиллалӣ, ки тавассути ноҳия гузашта, ҷумҳуриро бо кишварҳои ҳамояи Чин ва Қирғизистон мепайвандад, ҳамчунин дар даромадгоҳи ноҳия бунёд гардидани пули азими Ваҳдат аз дастовардҳои хело ҳам муҳим ба ҳисоб мераванд.
Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 74 иншооти нав сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
Муҳимтарин воқеаи соли ҷорӣ ташрифи навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Тоҷикобод буд, ки рӯзи 25 июн ба вуқуъ пайваст. Аз ҷониби Президенти мамлакат ба истифода супоридани рамзҳои давлатӣ-Парчам ва Нишон, бинои маъмурии шабакаи барқ, барои пурра намудани талаботи кадрӣ ба соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ҷудо намудани 124 имтиёзи квотаи Президентӣ, аз ҷумла 84 ҷой барои духтарон аз таваҷҷуҳи бесобиқаи Пешво дарак медиҳад. Дар арафаи ҷашн бо ҷалби соҳибкорон дар деҳаҳои Фатҳобод ва Гулистони ноҳия майдончаҳои варзишии нав расман ба истифода супорида шуда, ҳамзамон маъракаи туи хатнасури 21 нафар фарзандони оилаҳои камбизоат гузаронида шуд.
Бо вуҷуди номусоид омадани баҳори имсола маъракаи кишту кори баҳорӣ бо натиҷаҳои хуб ҷамъбаст гардид. Ҳоло дараву кӯфтани майдони 1981 гектар ғаллазор, 577 гектар сабзавот, 75 гектар зағир ва захираи хӯроки чорво, ғунучини меваҷот идома дорад. Майдони кишти картошка ба 1086 гектар расонда шуд, ки назар ба соли гузашта зиёд аст.
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод бо ифтихор аз ободии Ватан, шукрона аз Истиқлолият ва сиёсати хирадмандонаю зиндагисози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Истиқлоли кишварро таҷлил намуда, ба кор даромадани чархаи дуюми Нерӯгоҳи Барқии Обии Роғунро дар рӯзи ҷашни Истиқлолият ҳамчун оғози марҳилаи нави созандагӣ, татбиқи ҳадафи чорум-саноатикунонии мамлакат ба ҳамватанони кишвар шодбош мегӯянд.