40 нафар ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастанд.    

          Дар ноҳияи Тоҷикобод дар майдони Парчам ва нишони давлатӣ маъракаи гусели наваскарон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Сараввал наваскарон дар комисариати ҳарбии ноҳия аз ташхиси тиббӣ гузашта 40 нафар бо либосҳои варзишӣ дар майдони Парчам ва нишони давлатӣ, саф оростанд.

Дар чорабинии тантанавӣ, ки ба хотири гусели наваскарон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида буд, Раиси ноҳияи Тоҷикобод муҳтарам Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо суханронӣ намуда, қайд карданд, ки бо Фармони сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз 3- юми сентябри соли ҷорӣ  таҳти № 353 даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид, ки ҷавонони шуҷоъу ғаюри ноҳияи Тоҷикобод низ ба комисариати ҳарбии ноҳия даъват шуда, аз омодагӣ  барои адои қарзи шаҳрвандии худ дарак доданд. Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан -вазифаи муқаддаси шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ ҳар як ҷавони ба синни даъватӣ расида бояд бо ифтихор ва сарафрозӣ бо иродаи қавӣ ва ҳисси баланди миллӣ ба дифои марзу буми Ватан омодагӣ гирифта қарзи шаҳрвандии хешро дар назди Модар-Ватан иҷро намояд. Хизмат мактаби шарафу номус, мардонагию шуҷоатмандӣ буда, маҳз  обу тоби бадан ва ҳамчун шахсият шинохташавии мард аз ҳамин  мактаб ибтидо меёбад.

Сипас муовини Раиси ноҳияи Тоҷикобод муҳтарам Назризода Маҳмадтоир, суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки имрӯз ҷавонон ба хотири ҳимояи марзу буми ватан дар зери парчами нангу номус  ҷамъ омадаанд, то ки хизмати модар – Ватанро сарбаландона иҷро намоянд. Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, сулҳу ваҳдат ҳукмфармо буда,  дар ҳама қисмҳои низомӣ шароитҳои зарурӣ  муҳайё гардидааст.

 

Дар чорабинӣ ҳамчунин собиқадорони ҷангу меҳнат ва падару модарони наваскарон ба сухан баромада аз меҳру муҳаббат ва садоқат нисбати Ватан суханронӣ намуданд. Дар поёни чорабинӣ ҳунармандони  бахши фарҳанги ноҳия бо рақсу сурудҳои дилнишин хотири наваскаронро шод намуда бо хотироти рангин онҳоро ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Чумҳурии Тоҷикистон гусел намуданд. Наваскарон бо рӯҳи болида ва бо сари баланд барои хизмати Модар- Ватан    раҳсипор гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code