Тӯҳфаи соҳибкор ба хонандагон
Дар арафаи ҷашни 25-солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкор Умаров Абдураҳмон ба муассисаи таълимии №12-и деҳаи Қалъаи лаби об 5 адад компютер, ашёи хониш ва сару либоси варзишӣ барои хонандагон тақдим карда шуд. Дар маросими супурдани туҳфаҳо ба муассиса, Раиси ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо ширкат намуда, саҳми соҳибкоронро дар ободии ҳудуди ҷамоат муссир арзёбӣ намуданд.