Иди Парчам

         Иди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки  ҳазорон нафар сокинон ва ҷавонони ноҳияи Тоҷикобод бо  роҳпаймоӣ аз даромадгоҳи шаҳрак оғоз гардид. Дар роҳпаймои намояндагони қишрҳои гӯногӯни ҷомеа бо шиору плакатҳо ва Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори “Мо пайравони Пешвои миллатем” иштирок карда, бо ифтихорманди ин санаи муборакро таҷлил намуданд.

          Рохпаймоии сокинони ноҳия зери ин рамзи муқаддаси миллӣ яъне Парчами давлатӣ, аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар ҷомеаи озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ дарак медод. Таҳти ҳамин рукни муқаддаси миллӣ сатҳи таҷлили чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ ва миллии мо сол то сол шукӯҳи дигар мегирад. Таҷлили Рӯзи Парчам эҳтиром ба рӯҳи  қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое мебошад, ки  дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд.

          Пас аз анҷоми роҳпаймоиҳо дар толори шуъбаи фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод маҷлиси тантанавӣ баҳшида ба рӯзи Парчами миллӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо, намояндагони мақомоти иҷроия, сохторҳои қудратӣ ташкилоту муассисаҳо ва намояндагони ҷавонони фаъоли ноҳия иштирок намуданд.

          Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо баромад намуда, иштирокдоронро бо ин санаи муборак табрику таҳният намуданд, аз чумла қайд намуданд, ки давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон таърих ва суннати қадима дошта, аҷдодони мо ҳанӯз аз замони қадим соҳиби парчам буданд ва дар адабиёти қадимаи миллат он бо номи дирафш ёд мешавад. Аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши ковиён» ном дошт. Хушбахтона, бо шарофияти истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшон гардиданд.  Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мақоми хоса дошта, тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ин суннати аҷдодӣ таърихи беш аз 4000-сола дорад. Боиси ифтихори мардуми сарбаланди ноҳияи Тоҷикобод аст, ки соли равон дар маркази ноҳия бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчам ва Нишони давлатӣ мавриди баҳрабардории сокинон қарор дода шуд.

           Дар мачлиси тантанавӣ ҳамчунин Раиси суди ноҳияи Тоҷикобод Миршарифзода Сайдалӣ, Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 Суҳроб Ваҳобниё Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод Лутфуло Шифоев  атрофи таърихи давлатдорӣ ва парчамдории тоҷикон суханронӣ намуданд.  Дар поёни чорабинии мазкур санъаткорони шуъбаи фарҳанги ноҳия бо суруду таронаҳои дилнишин хотири иштирокдоронро шод намуданд.

          Маълумоти муфассал дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

           Моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон, ки дар он роҳи ҳалли мушкилоти кишвар, хатми ҷанги дохилӣ, ҳифзи якпорчагиву истиқлолияти давлатӣ баррасӣ мешуд, баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷаъмӣ ва ҳифзи тамомияти арзиши кишвар инчунин рамзҳои нахустин давлати соҳибистиқлоламон  Парчам ва дертар Нишон қабул карда шуд. Таърихи парчам ва маънои унсуру аломатҳои дар он ифодашуда солҳост ки мавриди омӯзиши муҳақиқон қарор дорад. Воқеан ҳам, донистани мазмуну муҳтавои парчам, шаклу маъно ва ишораҳои дар он таҷассумёфта дунёи ботинии инсонро рангину зебо мегардонад. Инсоният дар ҳамаи давраҳои таърихӣ барои ифодаи маром ва ҳадафҳои хеш рамзҳои гуногунро эҷод намудааст. Зарурати таърихӣ инсонро водор кардааст, ки барои барқарор намудани хотира ё кору пайкор рамзеро истифода намояд. Яъне, рамзҳо як навъ ифодагари орзуву омол ва рози ниҳони сарнавишти қавму қабила, нажод ва миллату давлатҳо мебошад. Ин аст, ки парчами миллии тоҷикон дорои рангҳои сурху сафед ва сабз буда, аз аҳди бостон то кунун дар миёни мардум бо маъно ва манзалати хеш ҷойгоҳи худро нигоҳ доштаанд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ тансиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир ёфтааст. Ранги сурх – мубориза ва ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият. Ранги сафед – бахту иқболи сафед, покизагӣ Ранги сабз – сайу кушиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардонидани Ватан. 7  Ситора – 7 иқлим, 7 табақаи осмон, 7 ситораи бародарон, 7 рӯз Парчами давлатии тоҷикистон бо чунин бузургию ҳашамат, ки назираш дар дунё нест, бори нахуст дар паҳлӯи чапи Қасри Миллат таҳти ҳамовозии Суруди миллии Тоҷикистон бо иштирок ва дар ҳузури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Парлумону ҳукумати кишвар ва сокинону меҳмонони бешумори пойтахт – шаҳри Душанбеи нозанин ба баландии рекордӣ дар ҷаҳон – 165 метр бардошта шуд.Баландии худи парчам 30 метр ва дарозӣ ё паҳноияш 60 метр мебошад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code