Ҳизби Халқии ДемократииТоҷикистон 25 сола шуд
Бахшида ба 25-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар толори шуъбаи фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод бо иштироки фаъолони нохия чорабинӣ баргузор гардид. Дар он Раиси ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо ширкат варзида иштирокдоронро ба муносибати 25-умин солгарди таъсисёбии ҳизб самимона муборакбод намуданд. Номбурда таъкид доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тамоми таърихи 25 – солааш чун як нерӯи сиёсии бунёдкору созанда фаъолияти босамар намудааст. Ғояи ташкили ин ҳизби сиёсӣ, ки ормонҳои халқро таҷассум менамояд, соли 1993 аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён омада, 10-уми декабри соли 1994 ин ғоя ба ҳадаф расид. 25 сол қабл Анҷумани муассисони ҳизб дар бораи ташкилёбии Ҳизби Халқии Тоҷикистон (ҳоло Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон) қарор қабул карда, Оиннома ва Барномаи ҳизбро тасдиқ кард. Ҳадафи аслии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳифз ва ҳимояи истиқлоли миллӣ, таъмини суботи сиёсӣ, ҳифзи сохти конститутсионӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва иҷтимоӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ба мардум мебошад. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизбамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равандҳои демократикунонӣ дар ҷомеа равнақи тоза гирифта, зина ба зина амалӣ мегарданд. Итминони комил дорем, ки таҳти роҳбарии ин абармарди миллатпарвару ҷонфидо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба қуллаҳои боз ҳам баландтари музаффариятҳо хоҳад расид.
Дар чорабини ҳамчунин перомуни таърих ва ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Точикобод Лутфулло Шифоев, Сармуҳарири рӯзномаи «Паёми Тоҷикобод» Баҳодур Абдусаторзода, собиқадори ҳизб Зебо Ҳиматзода ва дигар аъзоёни ҳизб суханронӣ намуданд.
Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Точикобод фаъолони ҳизб бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ, қадрдонӣ гардида, ба 20 нафар аъзои тозаинтихоб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Дар фаровард барномаи фарҳангӣ, ки аз ҷониби хонандагон ва ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия таҳия гардида буд пешкаши хозирин гардонида шуд.