Классикони тоҷик бар зидди хурофот ва таассуб.
Бешубҳа имрӯз як қатор гурӯҳҳои ифротгароиву терористӣ аз номи поки дини мубини ислом ба ҳар гӯна амалҳои зишт даст мезананд, ки ба паҳншавии афкори исломситезӣ ва бадбинии мусулмонон оварда мерасонад. Амалҳои онҳо дар минтақаҳои гунонгуни олам милионҳо нафарро гирифтори хавфу хатар карда, чандин кишвари дунёро зери ҳадаф қарор додааст, ки аз ин садҳо ҳазор аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, милионҳо нафари дигар макони зисташонро тарк кардаанд. Воқеан дар кишвари мо низ чанд соле пеш гурӯҳҳои ифротгароӣ пайдо шуда буданд ва аз ҳуқуқу озодиҳои демократӣ дар ин маврид суиистифода мекарданд. Агар фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расману қонунан манъ намегардид, ҳар оина ба бунёди Истиқлолу Ваҳдати миллии мо рахна ворид месохтанд. Онҳо ғаразҳои сиёсии худро ба ҳадисҳо ва ҳикматҳои бузургони олами ислом асоснок мекарданд. Бо найрангу фитна, ки баддтар аз қатл ҳукм шудааст, бо ахлоқ ва ҳамаи арзишҳои неки миллӣ, диниву инсонӣ мухолифат меварзиданд. Чунин гароиш ба равияҳои муғризонаи динӣ дар ҳама давру замонҳо яъне аз оғози ислом то кунун вуҷуд дошта ва дар ҳар давру замоне бо рангҳои гӯногӯн ҷилва намудааст, ки дар эҷодиёти классикони мо мавриди интиқоди шадид қарор гирифтааст. Танқиди шайху зоҳиди риёкор дар эҷодиёти Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ мушоҳида шуда, ӯ динро рафтор ва ахлоқи поки инсонӣ ҳисобида ба халқу дин хизмати беғараз кардани ходимони динро лозим медонад, вале азбаски онҳо ба манфиатҳои шахсиву синфӣ маҳдуд буданд, асло хизмати холисона намекарданд. Аз ин сабаб ходимони дину эмон дар тасавуроти Саъдӣ ду хеланд: 1). Ходимони холиси дин, ки дар роҳи халқи худо хизмати беғараз мекунанд, пас ҳақ доранд, ки пешвои халқ бошанд. 2). Ходимони риёкори дин, ки гуфторашон аз рафтору кирдорашон фарқ мекунад ва ин тоифа ҳақ надоранд, ки пешвои халқ бошанд. Саъди аз ҳамин нигоҳ ба рафтори шайху обид ва муллову порсо нигоҳ кардааст. Вай зоҳидонеро, ки зоҳиран ҷомаи расмии ҷамъиятиро ба ҷандаи дарвешон иваз намуда, гӯё тарки дунё кардаанд, вале дар амал ба шаҳвату ҳавас ва сарватандӯзӣ машғуланд, танқид мекунад. Порсоӣ, на тарки ҷомаву бас. Тарки дунёву шаҳват асту ҳавас, Тарки дунё кардани зоҳидон соххтаву бофта буда, рӯйпушии айбу гуноҳашон аст, Саъдӣ ҳамчун шахси поктинат пешшвоёни дину мазҳабро дар хилоф будани раъю амалашон сарзаниш кардааст. Фирқаҳое, ки муқобили дину мазҳаби мо рӯйрост ва пинҳон набард эълон карда буданд, нахуст эътирози худро аз шахсиятҳои динии ин миллат оғоз карда ба сӯи онҳо санги маломат мепартофтанд. Дар назари аввал чун шахс аз ғаразҳои баду бозиҳои пушти пардагӣ огоҳ набошад, ҳатман ба ин гурӯҳҳо ва ҳарчӣ ки аз он иртибот мегирад,бовар мекунад. «Руҳониёни навбаромади ислом» дар ҳама давру замон талабу ҳуқуқҳои хурдтарини инсонӣ, амсоли рақс , мусиқи ва шодиву тарабро чун гуноҳе, ки диққати мардумро аз дини худо дур мекарда бошад, манъ намуда худашон ошкору пинҳон дурӯягӣ , мардумфиребӣ, муфтхӯрӣ, золимӣ ва айшу нӯш мекарданд. Ҳофизи Шерозӣ ҳамчун шахси озод ниқоб аз рӯи руҳониён гирифта симои ҳақиқиашонро нишон медиҳад. Воизон к-ин ҷилва бар меҳробу минбар мекунанд, Чун ба хилват мераванд в-он кори дигар мекунанд. Мушкиле дорам зи донишманди маҷлис боз пурс, Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд. Лаҳзаи дигаре, ки Ҳофиз баъзе «руҳониён»-ро фош менамояд ин масъалаи илму амали онҳост. Ӯ борҳо таъкид кардааст, ки илми «руҳониён» амал ва гуфторашон аз кирдор фарқ дорад. Пас ба гуфтори беамали онҳо ки аввомфиребӣ аст гӯш набояд дод. Аммо баъзе «руҳониён» ва баъзе ашхоси иртиҷои ба покниҳодоне чун Ҳофиз ва Саъдӣ айбҷӯӣ мекарданд. Аз ин рӯ Ҳофиз дар изҳори ақида ниҳоят эҳтиёткор буд. Муҷтаҳидон ё худ имомони мазҳаби Ҳанафӣ, ки дар дониш ба қуллаҳои баланд расида буданд,дар такя ба Қуръону ҳадисҳо ба мо мероси гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Имрӯзҳо, абарқудратон мехоҳанд, бо ҳар роҳу восита бо истифода аз равияву мазҳабҳо ва ақоиди зиёд байни мардум фитна ангезанд. Дар ин кор албатта аз муллоҳои чалласавод истифода хоҳанд кард. Дар чунин вазъи муракаб дунболи шариъат ва кардаи падару бобоёни худ бояд рафт ва аз фитнаҳои баъзе бо ном мулоҳои найрангбоз худдорӣ бояд ҷуст.. Имрӯз дар фазои сулҳу суббот ва оромии ҷомеаи мо месазад баҳри интихоби роҳи дуруст ба моҳияту муҳимияти ташаббусҳову суханони пурҳикмату қотеъонаи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сарфаҳм равем. Тавре Пешвои миллат ҳанӯз чанд сол пеш таъкид дошта буданд: «Ман ба камоли масъулият мегӯям, ки давлати Тоҷикистон ба ҳамаи динҳо эҳтиром мегузорад, вале ба хотири таъмини амният ва оромиву суботи ҷомеа пеши роҳи ҳама ҷудоиандозиву тафриқаандозиро қотеона хоҳад гирифт». Воқеан агар роҳи тафриқаандозону риёкорон сари вақт дар кишвари мо гирифта намешуд имрӯз аз салафӣ то наҳзатӣ мардуми моро дубора ба фирқаҳо ҷудо намуда амният ва суботи ҷомеаро халалдор месохтанд.