Мулоқоти раиси ноҳия  бо сокинон

 

          Имрӯзҳо дар Ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Тоҷикобод ҷамъомаду мулоқотҳои намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо сокинони деҳот ҷараён доранд. Дар доираи чорабиниҳои мақомоти иҷроия 27 январи соли 2020 дар Ҷамоати деҳоти ба номи Мунаввваршо Шогадоев мулоқоти роҳбарияти ноҳия ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо фаъолону сокинони ҷамоати мазкур баргузор гардид.

          Мулоқотро раиси ноҳия муҳтарам Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо ҳусни оғоз бахшида, доир ба ҳадафи чорабинӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроия ҷиҳати иҷрои вазифаҳои муҳими соли равон баромад намуд. Зимни суханронӣ раиси ноҳия қайд намуданд, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо сармашқи кору фаъолияти сокинон ва сохтору идораҳо гардида, баҳри татбиқи нуктаҳои муҳими он тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроия бо сокинони деҳот мулоқотҳо доир карда мешаванд. Раиси ноҳия аз ҷумла зикр намуд, ки имрӯзҳо  дар ҷумҳуриамон омодагиҳо ба маъракаи муҳими сиёсӣ- яъне интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳо ҷараён дорад. Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва шаҳрвандонро даъват намуданд, ки дар доираи қонунҳои амалкунанда талош кунанд, зеро ин чорабинӣ ба таҳкими боз ҳам бештари ваҳдати миллӣ ва густариши демократия дар кишвари соҳибистиқлоламон мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ тамоми интихобкунандагони мо бояд фаъолона иштирок намуда, ба номзадҳои арзанда овоз диҳанд ва бо раъйи худ ояндаи рушду суботи кишварро муайян намоянд.

          Дар мулоқот намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зимни суханрониҳояшон  доир ба волоияти қонун ва тартибот, риояи талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва инчунин роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар интихоботҳои дар пешистода   ба таври муфассал суханронӣ намуданд.

          Дар поёни чорабинӣ як қатор сокинон ба сухан баромада ваъда доданд, ки  мардуми Ҷамоати деҳоти Шогадоев дар ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок намуда, дар ояндаи рушду суботи ҷумҳурӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд. 

          

 

          Тибқи нақша чунин мулоқотҳо дар Ҷамоатҳои деҳоти Нӯшор, Қалъаи лаби об, Лангари шоҳ ва  Ширинчашма низ баргузор мегарданд.   

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code