ОМОДАГӢ      БА   ИНТИХОБОТ     

              Аҳолии ноҳияи Тоҷикобод дар қатори дигар сокинони ҷумҳурӣ ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ҳамаҷониба омодагӣ мегиранд. Сокинони ин ноҳияи дурдасти кӯҳистон дастурҳои Паёми Пешвои миллатро ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ доир намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ ҳамаҷониба дарк намуда, дар ноҳия тамоми чорабиниҳои заруриро дар ин самт то имрӯз амалӣ намудаанд. Ин гуфтаҳоро рафти  корҳои ташкилӣ дар ҳавзаю участкаҳо ва фаъолияти самараноки масъулини баргузории интихобот дар ноҳия собит месозад.

          Тавре дар суҳбат бо мо раиси комиссияи ноҳиявии интихобот Исҳоқ Ғафуров иттилоъ дод, то имрӯз дар 40 ҳавза ва 33 участкаи интихоботии вакилони маҷлиси маҳаллии ноҳия тибқи талаботҳои Қонуни коститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» дар ҳайати 11 ва 8 нафарӣ комиссияҳои ҳавзавӣ ташкил карда шудаанд. Айни замон аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва ба таври худпешбарӣ 39 нафар ба КМИР пешниҳод гардидааст.  пешбарии номзадҳо ба вакилии маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ идома дорад. Рӯйхати интихобкунандагон пас аз омӯзиш аз ҷониби комиссияҳои участкавии интихобот ба комиссияи марказии интихобот пешниҳод карда шудааст, ки он айни замон 21870 нафарро дар бар мегирад. Бақайдгирии номзадҳо то даҳаи аввали моҳи феврал ба анҷом расонида мешавад. Тавре аз нуктаҳои  ҳавзаю участкаҳои интихоботӣ дидан намудем, гӯшаҳои интихоботӣ бо маводи иттилоотӣ ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ таъмин карда шудаанд. Имрӯзҳо дар ташкилоту муассиса ва  Ҷамоатҳои деҳот корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ба роҳ монда шуда, дар мавзеҳои аҳолинишин маводҳои иттилотӣ паҳн ва насб карда мешаванд.

          Боварӣ дорем, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ тамоми интихобкунандагони бо дарки масъулиятшиносӣ фаъолона иштирок намуда, ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд ва бо раъйи худ ояндаи рушду суботи кишварро муайян менамоянд, иброз намуд Исҳоқ Ғафуров.  

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code