НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ НОҲИЯ
Дар таърихи 8 феврали соли равон нишасти матбуотии раиси ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори умум, аз ҷумла хабарнигорони “Ҷумҳурият”, “Ховар”, “Фараж” телевизонҳои “Тоҷикистон”, “Сафина”, радиои Тоҷикисон ва масъулини ташкилоту муассиса ва хоҷагиҳо доир гардид.
Дар нишаст қайд гардид, ки дар ноҳияи Тоҷикобод мутобиқи барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2018-2020, 182 лоиҳа бо маблағи 117 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Хушбахтона то соли 2019 30 лоиҳа бо маблағи 14 миллиону 244 ҳазор сомонӣ татбиқ ёфт. Дар назар аст , ки дар соли 2020 лоиҳаҳои идомаи сохтмони бинои қасри фарҳанг бо маблағи умумии 10 миллиону 700 ҳазор сомонӣ, идомаи чароғон ва мумфарш намудани кӯчаҳои маркази ноҳия бо маблағи умумии 8 миллион сомонӣ , сохтмони боғи фарҳанги ноҳия бо маблағи 12 миллиону 800 ҳазор сомонӣ, сохтмони 18 сонфхонаи иловагӣ дар назди се муассисаи таълимӣ, азнавсозии бинои муассисаи таълимии №10 бо маблағи як миллион сомонӣ, сохтмони дарвозаи даромадгоҳи ноҳия бо маблағи 500 ҳазор сомонӣ ва сохтмони бунгоҳои тиббии деҳаҳои Оби сафед ва Дараи Нӯшор амалӣ мешаванд ва 7 лоиҳаи дигар бо маблағи 8 миллион сомонӣ мавриди омӯзиш қарор дорад. Дар ин бора Раиси ноҳияи Тоҷикобод зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод. Қайд гардид, ки дар ноҳия баҳри рушди соҳибкории хурду миёна шароитҳои муносиб муҳаё намудаанд. Соли 2019 дар ҳудуди ноҳия 1446 субъектҳои соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли 2018, 68 адад зиёд мебошад. Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ба 1124 адад расидаст, ки 222 ададашро занони кордони ноҳия ташкил намудаанд.
Зимни нишаст хабарнигорон ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.