Ҷавонони Тоҷикобод ба хизмат омодаанд
Тибқи нақшаи Сардори ситоди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори раиси ноҳияи Тоҷикобод доир ба омодагии сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди комиссариати ҳарбии ноҳия чорабинии тарғиботию омодагӣ ва ҳамзамон мулоқоти роҳбарияти ноҳия бо ҷавонони синни даъватии 1993 то соли 2002 доир гардид.
Дар мулоқот бо даъватшаввандагоне, ки ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шудаанд, раиси ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо баромад намуда, ҷавононро ба ҳимояи марзу буми кишвар даъват намуд. Дар навбати худ омодагии роҳбарияти ноҳия барои дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон ҷиҳати дар оянда ба касбомӯзӣ фаро гирифтани онҳо таъкид карда шуд.
Дар назди ҷавонон раиси собиқадоронии ҷангу меҳнат Абдусамад Идрисов ба сухан баромада, аз корнамоиҳои диловарони тоҷик дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиходи Шӯравӣ ёдоварӣ намуд. Зимни суханронӣ зикр гардид, ки аз ноҳияи Тоҷикобод ду каҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳайдар Қосимов ва Қудрат Қаюмов, инчунин як нафар Қаҳрамони Россия зодаи диёри мо Муҳриддин Ашӯров боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар яки мост. Пас аз мулоқот ҷавонони даъватшуда аз муоинаи тиббӣ гузашта, омодагии худро барои дар рӯзи аввали даъват шомил шуданашон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳӣ ҷумҳурӣ изҳор намуданд.