Таҷлили Рӯзи модар                                                 

          Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамасола бо фарорасии фасли зебои баҳор 8 март ҳамчун Рӯзи Модар дар саросари ҷумҳурӣ бо шаҳомати хосае таҷлил мегардад. Воқеан ба оғози фасли баҳор рост омадани ин  Иди Бонувон рамзи шукуфоӣ ва мазҳари зебоӣ буда, озодагиву нафосат, сарсабзию таровати онро дучанд меафзояд. Зан- Модар бо меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати хеш сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар як хонадон аст.

          Ба ин муносибат яъне Рӯзи модар дар маркази ноҳияи Тоҷикобод чорабинии тантанавӣ ва идона баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадшозода Ҳамиддуло Ғайратшо бонувони ноҳияро ба муносибати ҷашни рӯзи модар табрик намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки занони ноҳияи Тоҷикобод сол то сол дар ҳаёти ҷамъиятии ноҳия фаъол мегарданд. Айни ҳол дар ноҳия 18 нафар занону духтарон дар вазифаҳои роҳбарикунанда кору фаъолият менамоянд, ки аз шумораи умумии онҳо 6 нафарашон хизматчии давлатӣ мебошанд. Дар интихоботе, ки  гузашт дар  ноҳияи Тоҷикобод бори аввал аст, ки  аз ҳисоби занони фаъол 16 нафар ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия интихоб гардиданд. Бо итминони комил гуфта метавонем, ки онҳо аз ин масъулияти бузург сарбаландона баромада эътимоди мардумро сазовор мегарданд.

          Фаъолияти занони ноҳия дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф низ назаррас аст. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф 156 нафар ба касби омӯзгорӣ ва дар соҳаи тандурустӣ 320 нафар машғули кору фаъолият мебошанд. Дар соҳаи фарҳанг 18 нафар ва дар соҳаи кишоварзӣ 220 нафар бонувон фаъолият доранд. Шумораи намояндагии занону духтарон дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу кишоварзӣ қаноаткунанда буда, сафи онҳо аз ҳисоби мутахассисони ҷавон рӯз аз рӯз афзуда истодааст. Соли 2019 92 нафар духтарони ноҳия тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарашон ба ноҳияи Тоҷикобод бо квота таъмин гардида, дар донишгоҳу донишкадаҳои Ҷумҳурӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Айни замон дар ҳама донишгоҳу донишкадаҳои Ҷумҳурӣ 149 нафар духтарон таҳсил намуда истодаанд. Аз 1719 нафар аъзоёни ҲХДТ дар ноҳия 273 нафарро занону духтарон ташкил менамоянд.

 

          Дар ҷамъомад бархе аз занони роҳбарикунанда ва фаъол баромад намуда, аз дастгирию таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва суханони ӯ нисбати занону модарон ёдвар шуданд: – «Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем. Дар баробари ин медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад. Ба ин хотир мо масъул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр намоем».

           Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар,  балки мураббии наслҳо, сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан ва ҳамшираи шафқатро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад. Дар баробари ин мавқеи занонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат таҳким бахшида, барои истифодаи нерӯи ватанхоҳиву бунёдкоронаи онҳо заминаи устувор гузошт, яъне барояшон майдони матонату ҷасорат, далериву шуҷоат ва ғайрату некномиро муҳайё  сохт.

          Дар поёни чорабинӣ барномаи идонаи  ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия иборат аз суруду таронаҳо дар васфи модар пешкаши ҳозирин гардонида шуда занони фаъоли ноҳия бо мукофотҳо қадрдонӣ гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code