50 нафар ҷавонони Тоҷикобод ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастанд.  

 

          Дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Тоҷикобод маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Субҳи рӯзи 1 апрел дар саҳни бинои коммисариати ҳарбии  ноҳияи Тоҷикобод 61 нафар даъватшудагон бо мақсади аз ташхиси тиббӣ гузаштан  бо либосҳои варзишӣ ҷамъ омаданд.  Баъди баргузории муоинаи тиббӣ аз байни даъватшудагон 50 нафарашон ҳамчун ҷавонони солим барои хизмат интихоб шуданд.

          Дар чорабинии тантанавӣ, ки ба хотири гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи   Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид, раиси ноҳияи Тоҷикобод, муҳтарам Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки бо Фармони Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз 3- юми марти соли 2020,  таҳти № 1230 ва қарори Раиси ноҳияи Тоҷикобод даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Бо ин мақсад   ҷавонони шуҷоъу ғаюри ноҳияи Тоҷикобод ба комисариати ҳарбии ноҳия даъват шуда, аз омодагӣ  барои адои қарзи шаҳрвандии худ дарак доданд. Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан -вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ ҳар як ҷавони ба синни даъватӣ расида бояд бо ифтихор ва сарафрозӣ, бо иродаи қавӣ ва ҳисси баланди миллӣ ба дифои марзу буми Ватан омодагӣ гирифта, қарзи шаҳрвандии хешро дар назди Модар-Ватан иҷро намояд. Хизмат мактаби шарафу номус, мардонагию шуҷоатмандӣ буда, маҳз  обутоби бадан ва ҳамчун шахсият шинохташавии мард аз ҳамин  мактаб ибтидо меёбад, зикр намуд Ҳамидулло Маҳмадшозода.

          Сипас муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод Назризода Маҳмадтоир ва комиссари комисариати ҳарбии ноҳия Далер Раҳимов суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки имрӯз ҷавонони Тоҷикобод ба хотири ҳимояи марзу буми Ватан дар зери парчами нангу номус  ҷамъ омадаанд, то ки хизмати Модар – Ватанро сарбаландона иҷро намоянд. Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, сулҳу ваҳдат ҳукмфармо буда,  дар ҳама қисмҳои низомӣ шароитҳои зарурӣ  муҳайё гардидааст.

          Дар чорабинӣ ҳамчунин собиқадорони ҷангу меҳнат ва падару модарони наваскарон ба сухан баромада, аз шуҷоат ва ҷавонмардии диловарони тоҷик дар тули асрҳо, меҳру муҳаббат ва садоқати онҳо нисбати  Модар- Ватан суханронӣ намуда, ҷавононро ба хизмати Ватан ҳидоят намуданд. 

 

          Дар поёни чорабинӣ ҳунармандони  бахши фарҳанги ноҳия бо рақсу сурудҳои дилнишин хотири наваскаронро шод намуда, онҳоро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Чумҳурии Тоҷикистон гусел намуданд. Наваскарон дар фазои  тантанавӣ бо рӯҳи болида ва бо сари баланд ба хизмати Модар- Ватан    раҳсипор гардиданд.  

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code