Баргузории озмуни «Таронаи ваҳдат»       

          Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-майи соли 2019 №195, «Дар бораи ҷашн гирифтани 5500 солагии шаҳри Саразми бостонӣ», дар ноҳияи Тоҷикобод Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ансамблҳои тарона ва рақс таҳти унвони «Таронаи ваҳдат» баргузор гардид.  

          Озмуни мазкур имкон дод, ки санъаткорон дар доираи   11 наминатсия аз ҷумла навозиши умумӣ, намоиши либосҳои миллӣ, рақси якка, суруди якка, суруди эстрадӣ, навозиши якка, суруд бахшида ба 5500 солагии Саразми бостонӣ, суруди фолклорӣ, бадеҳа, карнайбазм ва сютаи овозию рақсӣ ҳунарнамои намоянд.

          Тибқи иттилои масъулин ғолибони даври аввали фестивал-озмун ба даври ниҳоӣ роҳхат мегиранд, ки он дар моҳи июни соли 2020 дар шаҳри Панҷакент баргузор мегардад. Ҳайати ҳакамон аз ҳисоби масъулини Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони касбӣ, олимони соҳаи фарҳангу ҳунар ташкил ва ба ҳунари санъаткорон баҳо дода, беҳтаринҳоро бо мукофотҳои пулӣ, аз ҷумла шоҳҷоиза-5000 сомонӣ ҷои аввал-4000, ҷои дуюм 3000 ва ҷои сеюм 1980 сомонӣ қадрдонӣ менамоянд.

      
Тавре аз рафти озмун маълум гардид мақсад аз баргузории он намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангӣ, тақвият ва таҳким бахшидани эъмори ҷомеаи Тоҷикистон ва ба ин васила баланд бардоштани нақши ҷомеа дар раванди тарбияи маънавии шаҳрвандон, бахусус насли наврас дар руҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси ғановатманди фарҳанги миллӣ ва ҳамчунин намоиш додани тобишҳои рангини фарҳангу ҳунари ҳар як минтақаи кишвар мебошад.

 

          Дар қисмати поёни озмуни мазкур Раиси ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо суханронӣ намуда, ба ҳунар ва истеъдоди  санъаткорони ноҳияи Тоҷикобод, ки бо масъулияти баланд ширкат ва ҳунарнамоӣ намуданд, баҳои баланд доданд.

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code