Ҳашарҳои умумӣ

             Имрӯзҳо бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод дар деҳот ва маркази ноҳия як қатор корҳои ободонӣ оғоз гардидаанд, ки дар баргузории он аҳолӣ фаъолона саҳмгузор мебошад. Тибқи нақша рӯзҳои шанбе ва якшанбе аҳолии деҳот дар маркази ноҳия, ҷамоатҳо ва гирду атрофи маҳалли зисти худ ба ҳашари умумӣ баромада, дар тозагӣ ва ободонии диёри худ саҳм мегузоранд. Мардум ба тоза кардани кӯчаю деҳот, шинондани ниҳолу дарахтони сояафкан, ороиши ва мевадиҳанда инчунин тоза ва барқарор намудани   каналу ҷӯйҳо машғул мебошанд.

 

            Дар кӯчаҳои маркази ноҳия ва дар канори шоҳроҳ бо қувваи дастони кормандони ташкилоту муассиса ва аҳолии деҳот дарахтони арчаву сарв ва гулбуттаҳои ороишӣ шинонда мешаванд, ки ҳамаи ин ободкориҳо  симои ноҳияро зебо намуда, ба рушди деҳот мусоидат менамояд.    

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code