Вохуриҳои Раиси ноҳия бо сокинон
Ҷиҳати ба самъи мардум расонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди вусъати кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки замин ва таъмини фаровонии бозори истеъмолии аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Тоҷикобод вохуриҳои Раиси ноҳия Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо бо сокинон доир гардиданд.
Зимни вохуриҳо Раиси ноҳия ба масъалаи кишту кори баҳорӣ диққати аввалиндараҷа дода сокинон вазифадор гардиданд, ки ҳар як ваҷаб заминро оқилона истифода намоянд. Таъкид гардид, ки бо назардошти вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ Пешвои миллат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои водии Рашт ва Файзобод, аз ҷумла ноҳияи Тоҷикобод супориш доданд, ки нақшаи ҷумҳуриявии кишти зироатҳо, ба хусус картошкаро бознигарӣ карда, майдони кишти онро ба 40-50 фоиз зиёд намоянд. Ҷиҳати иҷрои супориши Сарвари давлат бо Амри раиси ноҳия Ситоди доимамалкунанда таъсис дода шуда, мақсади он назорати рафти кишт ва ҳалли фаврии мушкилоти бавуҷудомада маънидод гардид. Ҳамчунин бо ин мақсад дар ҳар як ҷамоат ва деҳа гурӯҳҳои корӣ ташкил гардида рафти иҷрои самараноки кишту кори баҳорӣ зери назорат гирифта шудааст. Раиси ноҳия ба сарварони хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ супориш доданд, ки дар ҳаҷми на камтар аз 60%-и заминҳои дар ихтиёрашон буда кишти картошка гузаронанд. Зеро истеҳсоли картошка ҳамчун «нони дуюм» ва маҳсулоти рақобатпазир дар бозор дар шароити кунунӣ имконият медиҳад, ки сатҳи зиндагии мардум ба маротиб боло рафта, даромаднокии аҳолӣ афзояд.
Дар вохуриҳо кишту кори баҳорӣ ҳамчун кори умумӣ эълон гардида, мардум ваъда доданд, ки бо истифода аз боду ҳавои муносиб баҳри фаровонии дастархони худ ва мардуми ҷумҳурӣ заҳмат кашида, дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сарбаландона иҷро менамоянд.