АВЛАВИЯТ БА  КИШТИ НОНИ ДУЮМ

           Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди зиёд намудани майдонҳои кишти картошка тибқи Қарори раиси ноҳияи Тоҷикобод гурӯҳи корӣ ва ситоди ноҳиявӣ таъсис дода шуд. Бо сарварии раиси ноҳия бо иштироки масъулини сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷаласаи васеъ доир гардид, ки дар он  иҷроиши дастурҳои Пешвои миллат доир ба зиёд намудани майдони кишти картошка, самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи маҳсулоти озуқа ва роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории коронавирус Covid-19 мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор  дода шуд. Бо ин мақсад тибқи дастури раиси ноҳия ҳайати комиссия аз заминҳои наздиҳавлигии тамоми сокинони деҳоти ноҳия дидан намуда, имкониятҳои кишти картошка муайян карда шуданд. Раиси ноҳия ба сарварони хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ вохурда супориш доданд, ки дар ҳаҷми на камтар аз 60%-и заминҳои дар ихтиёрашон бударо бо кишти картошка банд намоянд. Зеро истеҳсоли картошка ҳамчун «нони дуюм» ва маҳсулоти рақобатпазир дар бозор дар шароити кунунӣ имконият медиҳад, ки сатҳи зиндагии мардум ба маротиб боло рафта, даромаднокии аҳолӣ афзояд. Сокинон аз ин иқдом, ки ба таъмини маводи озуқаворӣ мусоидат менамояд, ҳамовозии худро иброз намуда, ҳамзамон  хоҳиш намуданд, ки барои дастрасии тухмии хушсифат онҳоро дастгирӣ намоянд.

           Раиси ноҳия Ҳамидулло Маҳмадшозода ба масъулин дастур доданд, ки мардумро бо тухмиии босифат таъмин намуда кишти картошкаро дар ҳама заминҳои кишт назорат ва барои сари вақт ба анҷом расонидани мавсими кишт ба ситоди ноҳиявӣ мунтазам ҳисобот пешниҳод намоянд. Бо дастгирии раиси ноҳия каналҳои обёрикунанда дар ҳудуди ноҳия аз таъмири капиталӣ дар аввали баҳор бароварда шуда, барои обёрӣ намудани  заминҳои кишт омода мебошанд. Зимни вохуриҳо бо сокинон Раиси ноҳия ба масъалаи кишту кори баҳорӣ диққати аввалиндараҷа дода аз онҳо даъват намуд, ки ҳар як ваҷаб заминро оқилона истифода намоянд. Дар вохуриҳо таъкид гардид, ки бо назардошти вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ Пешвои миллат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои водии Рашт, аз ҷумла ноҳияи Тоҷикобод супориш доданд, ки нақшаи ҷумҳуриявии кишти зироатҳо, ба хусус картошкаро бознигарӣ карда, майдони кишти онро ба 40-50 фоиз зиёд намоянд. Тавре аз ҷараёни корҳои тарғиботӣ ва оғози мавсими кишт аён мегардад, сокинон моҳияти дастурҳои Пешвои муаззами миллатро амиқан дарк намуда, ваъда доданд, ки бо иҷрои саривақтии ин супориши муҳим дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми муносиб мегузоранд

.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code