33-НАФАР АЗ БЕМОРИИ КОРОНОВИРУС ШИФО ЁФТАНД.
Тибқи иттилои Сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Тоҷикобод Насимҷон Шарифов то санаи 13 июн дар беморхонаҳои минтақавии Нушор, Ширинчашма ва Лангари шоҳи ноҳия 41 нафар аз рӯи нишонаҳои бемории илтиҳоби шуш ва короновирус бистарӣ гардида, аз ин шумора 33 нафар пас аз муолиҷа ба хонаҳояшон баргаштанд. Айни ҳол 8 нафар дар беморхонаи минтақавии ҷамоати деҳоти Ширинчашма аз рӯи нишонаҳои ин беморӣ таҳти назорати табибон қарор доранд. Мутаассифона 1 нафар бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст доданд.
Бо ташаббусу дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба беморхонаи марказии ноҳияи Тоҷикобод маводҳои тиббию санитарӣ барои ташхису табобати беморон, маҳлулу хокаҳои безараргардонӣ, либосҳои муҳофизатӣ ва маводҳои озуқаворӣ кӯмак расонида шуда буд. Дар пайравӣ аз иқдоми Президенти мамлакат инчунин аз ҳисоби ташкилотҳои ҳамкор ва соҳибкорони маҳаллӣ чунин кӯмакҳо ба беморхонаҳои ноҳия ва ба беморону табибон дастрас карда шуд.
Ба иттилои сардухтури беморхона Насимҷон Шарифов кӯмакҳои мазкур баҳри пешгирию муолиҷа аз бемории сироятии коронавирус ба беморон ва табибон пебинӣ гардидааст. Кӯмакҳо асосан иборат аз хокаи хлор, гипохлорид натрий, хилъатҳои тиббӣ, дастпӯшак, айнак, ниқобҳо, музаҳои резинӣ, спирт, ҳароратсанҷ, сӯзандорӯ, дорупошак, бистару болин, маводи сӯзишворӣ, дорувориҳои гуногун ва маводҳои озуқавориро дарбар мегиранд. Маводҳои хурока, ки аз ҷониби Пешвои миллат ба табибон дастрас гардид, асосан орд, равған, картошка, пиёз сабзӣ, биринҷ, шакар, макарон, гречка, перловка, нахуд ва дигар маҳсулотҳои заруриро дар бар мегирифт.
Дар пайрави аз иқдоми Пешвои миллат, ки маоши якмоҳаи худро ба суратҳисоби бемории коронавирус бахшиданд, кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ва дигар сохторҳо якрӯза маоши худро баҳри пешгирӣ аз ин бемории маргбор пешниҳод намуданд, ки дар маҷмуъ 29 ҳазор сомониро дар бар мегирад. Тибқи дархости маъмурияти беморхона бо ин маблағ бояд 2 адад дастгоҳи нафаскашии сунъӣ ва як миқдор дастпушакҳои резинӣ харидорӣ гардад.
Соҳибкори маҳаллӣ Холмурод Мираков аз ҷамоати деҳоти Ширинчашма, ки айни ҳол дар Федератсияи Россия қарор дорад бо дастгирӣ аз иқдоми Пешвои миллат бо маблағи 100 ҳазор рубли руссӣ тавассути бародаронаш маводҳои доруворӣ либосҳои муҳофизатӣ, хлор ва ниқобҳо ба Беморхонаи марказӣ дастрас намуданд.
Бо ғамхорӣ ва дастгириҳои бесобиқаи Пешвои миллат дар беморхонаҳои ноҳия тамоми шароит ва лавозимоти зарурӣ барои қабули беморони коронавирус муҳайё гардида, онҳо ба таври ройгон муолиҷа мегарданд.