Сирояти коронавирус коҳиш меёбад                                       

           Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод аз рӯзҳои нахустини ошкор гардидани сирояти бемории  COVID-19   дар ҷумҳурӣ ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони ин вабои ҳамагир чораҳои амалӣ меандешад.                          Бо қарори раиси ноҳия Ситоди доимоамалкунанда ташкил ёфта, тадбирҳои зиёди санитарию гигиенӣ миёни аҳолӣ роҳандозӣ карда шуд, табобатхонаҳо бо маводи лозимаи тиббӣ, доруворӣ ва хӯрока таъмин гардиданд. Чанде пеш бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба беморхонаи марказии ноҳия маводҳои тиббию санитарӣ барои ташхису табобати беморон, маҳлулу хокаҳои безараргардонӣ, либосҳои муҳофизатӣ ва маводҳои озуқаворӣ кумак расонида шуда буд.

              Дар пайрави аз иқдоми Президенти мамлакат инчунин аз ҳисоби шарикони рушд, соҳибкорон чунин кумакҳо ба беморхонаҳои ноҳия ва ба беморону табибон дастрас  гардид. Ҳамчунин кормандони соҳаи буҷетӣ маоши якрӯзаи худро баҳри пешгирӣ аз ин беморӣ ба суратҳисоби махсус интиқол доданд, ки 29 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Тибқи дархости маъмурияти беморхонаи марказӣ ба ин маблағ бояд 2 адад дастгоҳи нафаскашии сунъӣ ва як миқдор дастпӯшакҳои резинӣ харидорӣ гардад.

             Тибқи иттиллои сардухтури беморхонаи марказӣ Насимҷон Шарифов то санаи 22 июн дар беморхонаҳои минтақавии Ширинчашма, Нӯшор, ва Лангари шоҳ 48 нафар аз рӯи нишонаҳои бемории илтиҳоби шуш ва коронавирус бистарӣ гардида, аз ин шумора 35 нафар пас аз муолиҷа ба хонаҳояшон баргаштанд. Айни ҳол 2 нафар дар беморхонаи минтақавии Ширинчашма аз рӯи нишонаҳои ин беморӣ таҳти назорати табибон қарор доранд, 8 нафар дар сатҳи хона ба пурагӣ шифо ёфта, 2 нафари боқимонда табобат гирифта истодаанд.  Мутаассифона, 1 нафар бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст дод.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code