Ваҳдат кафили якдилӣ ва муттаҳидии мост
Фақерзода Қадриддин Аббос раиси ноҳияи Тоҷикобод
Дар таърихи халқу миллатҳои ҷаҳон рӯйдоду санаҳои муҳиме ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва мақому манзалати онҳо кам не, баръакс меафзояд. Барои мардуми шарафманди тоҷик чунин воқеаи фараҳбахши таърихӣ- Рӯзи Ваҳдати миллӣ мебошад, ки 23 сол муқаддам ба сарзамини аҷдодии мо сулҳу суботро ба армуғон овард. Ва имрӯз агар, тамоми дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатиро ба ин неъмати бузург-ваҳдати миллӣ нисбат диҳем, хато намешавад.
Ба таъбири Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Раванди сулҳи тоҷикон рӯйдоди душвор, вале муҳими сиёсӣ буд, ки киштии давлатдории тоҷиконро аз ғарқшавӣ наҷот дод». Маҳз самараи сулҳ, ваҳдату ягонагии халқи Тоҷикистон аст, ки кишвари мо аз вартаи ҳалокат раҳо шуд ва ба қаламрави шоҳкориҳои азим ворид гардид.
Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имрӯз ба сифати ҳуҷҷати нодире қадр мешавад, ки солҳо мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон қарор дорад. Гузашта аз ин, таҷрибаи сулҳофарию ба эътидол овардани авзои даргир, ки бо фазли Пешвои миллат иттифоқ афтод, мавриди омӯзиши ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтааст. Борҳо Созмони Милали Муттаҳид ин таҷрибаи нодири таърихиро ба кишварҳои гирифтори муноқиша ҳамчун дастур барои ба эътидол овардани вазъи дохилиашон тавсия кардааст, ки барои мо қобили ифтихор мебошад.
Дар шароите, ки вабои аср, яъне пандемияи COVID-19 ҷаҳонро ба таҳлука андохтааст, ҷумҳурии азизи мо низ аз таъсири ногувори он дар канор намонд, вазъи сиёсии олам низ ором нест ва баъзе қувваҳои ифротии ҳангоматалабу фурсаталаб, бо далелҳои беасос бозори туҳмату буҳтонро алайҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «гарм» месозанд, ҷомеа аз ҳар вақта дида бештар ба муттаҳидию якдилӣ ниёз дорад. Ҳар фарди дорои ақли солим бояд дар фикри беҳбудии кор ва ислоҳи вазъият бошад, то бо роҳбарии оқилонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳар чи тезтар аз ин ҳолати мушкил ва ҳасос берун баромада зиндагиро ба маҷрои муътадил бозгардонем.
«Қадри зарро заргар бидонад» гуфтаанд. Ба ин шева мардуми водии Рашт, аз ҷумла ноҳияи Тоҷикобод, ки наздик ба як даҳсола азияти беқиёси ҷанги шаҳрвандиро дидаанд, бояд ба қадри зар-сулҳ бештар бирасанд. Бояд хуб дарк намоянд, ки агар Худованд он рӯзи саидро дар китоби зиндагии мо рақам намезад, ҳоло чӣ рӯзгоре медоштем. Пас вазифаи муҳимтарини мо имрӯз он аст, ки ба хотири насли фардо, ба хотири ояндаи Ватан ва диёрамон сулҳ, Ваҳдат ва ризоияти миллии ба даст омадаро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Дастовардҳои ноҳия баъди тантанаи Ваҳдат хеле зиёданд, ки ин ҷо бо тангии фурсат аз баёни якояки онҳо худдорӣ менамоем. Вале имрӯз фақат ба як дастоварди он суботу оромиш ишора мекунем. Воқеан, амнияте, ки чӣ дар пойтахти мамлакат ва чӣ дар музофотҳо, аз ҷумла ноҳияи Тоҷикобод дорем, самараи арзишманди Ваҳдату ҳамдилӣ ва дастоварди сулҳ аст. Маҳз бо баракати сулҳ ва Ваҳдат диёрамон сол то сол ба гӯшаи шукуфон табдил ёфта, ҳар фарди он ба зиндагии шоистаю арзанда боварӣ ҳосил намудааст.
Пешорӯи ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Ба ифтихори ин саннаи таърихӣ дар саҳрою замин, иншоотҳои сохтмонӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу иҷтимоиёт заҳмати бурдборона идома дошта, ба дастовардҳо саҳифаҳои тоза зам мешаванд.
Дар интиҳо ҳамдиёрони азизро ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуда, ба хонадони ҳар кадоми шумо сулҳу созгорӣ, баракату фаровонӣ ва тамоми хушиҳои рӯзгорро таманно менамоям.