Дар Тоҷикобод заминларза қисман харобӣ овард

             Бо иттиллои сардори бахши ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Тоҷикобод Қобилҷон Исмоилов бар асари заминларзае, ки рӯзи 4 июли соли 2020 соати 14:53 ба вуқуъ пайваст, ба биноҳои истиқоматӣ ва иншоотҳои  ёрирасони назди хонаҳои шаҳрвандон  зарари бештар расонд.  Хушбахтона, ба касе  зарари ҷисмонӣ нарасидааст.

            Бо супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳи босалоҳият дар ҳайати кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дигар идораҳои дахлдор ба ноҳия ташриф оварда, зарари расидаро санҷида ҳисобу китоб намуданд. Маълум шуд, ки дар натиҷаи заминларза  манзилҳои шаҳрвандон дар деҳаҳои Ғанишоб, Сафедоб, Дараи Назарак, Себистон, Ширинчашма, Сари най, Полезак, Дараи Нӯшор, Зарафшон, Шаҳристон бештар осеб дидаанд.

              Заминларза ба 26 хона қисман ва 85 хоҷагӣ зарари сабук расондааст. Инчунин як қатор иншоотҳои ёрирасони хоҷагиҳо хароб гардидаанд. Бинои 4 муассисаи таълимӣ, 1 бунгоҳи тиббӣ ва 1 маркази фарҳангӣ низ осеб бардоштааст.

             Бояд гуфт, ки тибқи хулосаи пойгоҳҳои заминларзасанҷӣ маркази зилзила ноҳияи Тоҷикобод дониста шуда, шиддати заминҷунбӣ ба 5 бал расид. Масъалаи барқароркунии зарари офат ва кӯмаки оилаҳои осебдида дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод қарор дошта, рӯзҳои наздик баррасӣ мешавад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code