МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИ НИМСОЛА
Дар толори фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод маҷлиси рушди иҷтимоию иқтисодии хоҷагиҳои халқи ноҳия баргузор гардид.
Дар маҷлис намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадҷонзода Олимҷон ба сухан баромада, вобаста ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Тоҷикобод дар шашмоҳаи соли 2020 андешаҳои худро иброз намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои мушаххас доданд.
Сипас аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома Рамазонзода Зулфиқор оид ба андозу буҷет, сармоягузорӣ, комуникатсия ва дигар масъалаҳои марбута ҳисобот дода, қайд кард, ки новобаста аз таъсири манфии пандемияи Ковид-19 нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия рӯ ба афзоиш доранд, камбудиҳо низ дар ин самтҳо ҷой доранд ва моро лозим аст, ки минбаъд ҷиҳати ҳалли онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода намоем.
Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзнома муовини соҳавии раиси ноҳия Назризода Маҳмадтоир ҳисобот дода қайд намуданд, ки дар сиёсати иҷтимоии давлат соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ҳамчун соҳаҳои афзалиятнок ва калидӣ ба ҳисоб мераванд. Инчунин иброз доштанд, ки дар баробари дастовардҳо камбудиҳои назаррас дар соҳаҳои зикргардида мавҷуданд, аз он ҷумла нарасидани мутахассисони касбӣ, паст будани хизматрасонии тиббӣ ва паст будани сатҳу сифати таълим ва тарбия, ки моро лозим меояд ҷиҳати бартарафсозии камбудиҳои болозикр минбаъд шеваи корро дигар карда, норасоиҳои мавҷударо бартараф намоем. Инчунин аз зиёдшавии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби ҷавонон изҳори нигаронӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки бобати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гунна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби ҷавонон корҳои омафаҳмониро бояд тақвият бахшем. Илова бар ин иброз гардид, ки бо истифода аз тамоми имконоти мавҷуда ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии Ковид 19 тамоми тадбирҳо роҳандозӣ карда шаванд.
Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзнома муовини соҳавии раиси ноҳия Бахтиёри Ҳақназар баромад карда, нишондиҳандаҳои соҳаи кишоварзиро ба тариқи пурра таҳлил кард. Қайд карда шуд, ки соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосии ноҳия ба ҳисоб рафта, дар таъмини амнияти озуқаворӣ нақши ҳалкунанда дорад ва барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ тухмии хушсифат ва коркарди химиявӣ баҳри нест кардани ҳашаротҳои зарарасон нақши асосӣ дорад.
Сипас раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин Аббос вобаста ба проблемаҳои ҷойдоштаи ноҳия андешаронӣ карда, қайд карданд, ки дар баробари дастовардҳо ҳанӯз дар ноҳия мушкилотҳои зиёд ҷой доранд. Аз он ҷумла иҷроиши саривақтии нақшаи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмин набудани аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ, муҳайё сохтани инфрасохтори зарурӣ барои рушди сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тарбия ва дигар норасогиҳо, ки моро лозим меояд ҷиҳати бартарафсозии онҳо аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода барем. Инчунин дар рафти маҷлис аз роҳбарони ташкилоту идораҳои калидӣ ҳисобот пурсида шуда, барои нимсолаи дуюми соли 2020 вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.