МУЛОҚОТИ РАИСИ ПАРЛУМОН
Дар ноҳияи Тоҷикобод вохурии Раиси маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир бо сокинони ноҳия бо мақсади шиносоӣ бо хоҷагиҳои халқи ноҳия ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот доир ба афзун намудани кишти картошка, чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва муолиҷаи бемории сироятии COVID-19, рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагиҳо ба зимистонгузаронӣ ва як қатор масъалаҳои муҳими рӯз суҳбати пурмуҳтаво доир гардид.
Зимни мулоқот аз ҷониби Раиси Парлумон вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳия, ки дар баромади раиси ноҳия пешниҳод гардид, аз рӯи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ бо иштироки масъулини соҳа таҳлилу баррасӣ карда шуд. Тибқи супориши Президенти мамлакат ба андозаи беш аз 80 дарсад афзун гардидани майдони кишти картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия аз дастовардҳои кишоварзони ноҳия дар мавсими кишти имсола арзёбӣ гардид. Қайд гардид, ки имсол нахустин маротиба дар ноҳия дар майдони 2005 гектар кишти картошка гузаронида шуд, ки ин рақам сокинонро ба ҳосили фаровон умедвор менамояд.
Дар баромади масъулин зикр гардид, ки аз 77 иншотҳои ҷашнӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 – тои он ба анҷом расида, корҳои сохтмонӣ дар аксар иншоотҳо идома дорад. Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масоили зикршуда ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки доир ба татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корҳои созандагию бунёдкори бахшида ба ин санаи муҳими таърихӣ соҳибкорон бештар ҷалб карда шаванд.
Ҳамчунин оиди чораҳои пешгирикунаданда ҷиҳати муҳофизат аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус корҳои фаҳмондадиҳиро бо сокинони ноҳия пурзӯр намуда, дар якҷояги бо кормандони соҳаи тандурустӣ ҷиҳати безарар гардонидани ҷойҳои ҷамъиятӣ чораҳои саривақтӣ андешанд. Дар поёни мулоқот аз номи сокинони ноҳия як қатор фаъолону собиқадорони меҳнат баромад намуда, омодагии хешро аз иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар самти чораҳои пешгирикунанда аз бемориҳои сироятӣ ва иҷрои корҳои бунёдкорию созандагӣ дар ноҳия баён намуданд.
Мулоқоти раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар дигар ноҳияҳои водии Рашт идома дорад.