Ҳашарҳои умумӣ
Аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар деҳот ва маркази ноҳия ҳашарҳои умумӣ ташкил гардида, дар корҳои ободонӣ аҳолӣ фаъолона саҳмгузор мебошанд.
Тибқи нақша аҳолии деҳоти ноҳия дар маркази ноҳия, ҷамоатҳо ва гирду атрофи маҳалли зисти худ ба ҳашари умумӣ баромада, дар тозагӣ ва ободонии диёри худ саҳм мегузоранд. Мардум ба тоза кардани кӯчаю деҳот, рангу бори деворҳои канори роҳҳо об додан ва ба тартиб даровардани ниҳолу дарахтони сояафкан ва ороишӣ, сафед кардани ниҳолҳо, инчунин тоза ва барқарор намудани каналу ҷӯйҳо машғул мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки баҳори имсол дар кӯчаҳои маркази ноҳия ва дар канори шоҳроҳ бо қувваи дастони кормандони ташкилоту муассиса ва аҳолии деҳот дарахтони арчаву сарв ва гулбуттаҳои ороишӣ шинонда шуданд, ки айни замон сабзиши хуб доранд. Ҳамаи ин ободкориҳо симои ноҳияро зебо намуда, ба рушди деҳот мусоидат менамояд.