Ғамхориҳо нисбати табақаи ниёзманд дар арафаи иди Қурбон          

 

             Дастгирию пуштибонии табақаҳои ниёзманд дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар арафаи идҳои миллӣ мавриди амал қарор қарор мегирад, ки шаҳодати ин сиёсати инсонпарварона мебошад. 

              

               Бо ин мақсад дар арафаи иди Қурбон аз тарафи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷиктрансгаз”дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ба 100 нафар ниёзмандон,  кумаки молӣ расонида шуд. Кумак асосан аз маводи хурокворӣ аз қабили орду равған иборат буда, ба   пиронсолону  маъюбони  яккаву танҳо,  оилаҳои  дар  шароити  душвори  зиндагӣ  қарордошта  ва кӯдакони имконияташон маҳдуд расонида шуд. 

              Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод минбаъд низ ба қишри осебпазиру ниёзманди ҷомеа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, барои татбиқи сиёсати хайрхоҳонаи Пешвои миллат, дар самти дастгирии ниёзмандон чораҳои заруриро роҳандози менамояд.

    

  

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code