Боздиди муовини сарвазири мамлакат аз ноҳияи Тоҷикобод  
13 – августи соли ҷорӣ муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода дар доираи сафари кории хеш ба навоҳии минтақаи Рашт ба ноҳияи Тоҷикобод ташриф оварданд.

      

            Зимни сафари кории худ ба ноҳияи Тоҷикобод муовини Сарвазри мамлакат аз, Литсеи касбии техникии ноҳия, кӯдакистони «Парасту» Беморхонаи марказӣ, инчунин аз вазъи омодагии якчанд муассисаҳои таълимиву тибии ноҳия дидан намуданд.

  

             Пас аз боздиду шиносои аз муассисаҳои таълими ва табобатии дар ноҳияи Тоҷикобод муовини сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода ва намояндагони Вазорати тандурустии мамлакат, ки  ӯро ҳамроҳи менамуданд бо  кормандони муассисаҳои таълимию тиббӣ оиди пурзур намудани тадбирҳои зиддиэпидемиологи ҷиҳати пешгиририи бемории сироятии коронавирус ва рафъи камбудиҳо дар ин самт дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Муовини сарвазир таъкид намуданд, ки дар  самти пешгирии бемории Ковид-19 бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат чораҳои мушаххас андешида шуда, шиддати он дар ҷумҳурӣ дар муддати кутоҳ паст гардид. Имрӯзҳо низ ки авҷи дуюми ин беморӣ дар мамолики ғарб  ру ба афзоиш дорад моро зарур аст аз тамоми шароиту имконот истифода намуда, чораҳои зиддиэпидимиологиро дучанд пурзӯр намоем то дар муқобили он истодагарӣ карда тавонем.

 

             Ба масъулин ҷиҳати ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ супоришҳои қатъӣ дода шуда, дастур доданд, ки бо оғоз гардидани соли нави хониш аз 17- августи соли ҷорӣ риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ, истифодаи ниқобҳои тиббӣ ва маводҳои антисептики аз ҷониби  хонандагони муассисаҳои таълимиро  ҳатман зери назорат гиранд.

 

             Сафари кории муовини сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода дар дигар навоҳии минтақаи Рашт идома дорад. 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code