Кўмак ба оилаҳои зарардида

          Бар асари заминларзае, ки дар ноҳияи Тоҷикобод  рӯзи 4 июли соли 2020 соати 14:53 ба вуқуъ пайваста буд, ба биноҳои истиқоматӣ ва иншоотҳои  ёрирасони сокинони ин минтақаи ҷумҳурӣ зарар ворид гардида буд. 

            Ба иттиллои сардори бахши ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Тоҷикобод Қобилҷон Исмоилов, бо супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳи босалоҳият дар ҳайати кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дигар идораҳои дахлдор ба ноҳия ташриф оварда, зарари расидаро санҷида ҳисобу китоб намуданд. Маълум шуд, ки дар натиҷаи заминларза  манзилҳои шаҳрвандон дар деҳаҳои Ғанишоб, Сафедоб, Дараи Назарак, Себистон, Ширинчашма, Сари най, Полезак, Дараи Нӯшор, Зарафшон, Шаҳристон бештар осеб дидаанд. Заминларза ба 26 хона қисман ва 85 хоҷагӣ зарари сабук расонда буд. Инчунин як қатор иншоотҳои ёрирасони хоҷагиҳо, бинои 4 муассисаи таълимӣ, 1 бунгоҳи тиббӣ ва 1 маркази фарҳангӣ низ осеб бардошта буд. Барои  барқарорсозии манзилҳои истиқоматӣ ва иншоотҳои ёрирасони сокинони ноҳияи Тоҷикобод  аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 10,4 тонна арматура 1690 дона шифери фулузӣ 78м3 тахта , 78 тонна семент ва 1040 дона ДВП ҳамчунин аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳар як сокини зарардида бо маблағи 2000 сомонӣ кумак расонида шуд.

           Сокинони деҳаҳои зарардида аз ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, ба сохтмон ва барқарорсозии хонаҳои худ шуруъ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code