Тантанаи наваскарони Раштонзамин
Дар ноҳияи Рашт дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи расмии гусели даъватшудагони навоҳии Рашт, Нуробод, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш баргузор гардид. Дар рӯзи 1 – октябр дар қисми ҳарбии низомии Қушунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Рашт даъватшудагони панҷ навоҳии мазкур мустақиман аз комисариатҳои харбӣ ҷамъ омаданд. Дар саҳни қисми низомӣ дар иштироки роҳбарони ноҳияҳои зикршуда, масъулини комиссариатҳои ҳарбӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва волидон наваскарон саф ороста, дар лаҳзаҳои тантанавӣ омодагии худро аз хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.
Дар қисми тантанавии чорабинӣ роҳбарони ноҳияҳои водии Рашт суханронӣ намуда, даъватшудагон ва волидонро ба муносибати оғози даъвати тирамоҳии наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба онҳо дар адои ин масъулияти баланд ва қарзи шаҳрвандиашон дар назди давлату миллат барору бурдбориҳо таманно намуданд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки бо шукргузорӣ аз истиқлолият ва оромии кишвар сол то сол сафи ҷавонони ватандӯсти ноҳияҳои Раштонзамин, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мепайванданд, афзуда истодааст. Ихтиёран ҳозир шудани ҷавонон аз деҳоти гуногуни кӯҳистони водӣ ба комиссариати ҳарбӣ аз ҳисси баланди масъулиятшиносии онҳо шаҳодат медиҳад. Дар иҷро шудани нақшаи даъват таи чанд соли охир нақши роҳбарияти Раёсати минтақавии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусан тавассути чорабиниҳои тарғиботӣ назаррас арзёбӣ гардид.
Дар чорабинии мазкур комиссарони комисариатҳои ҳарбӣ, раисони ветеранҳо, мудирони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ноҳияҳои минтақаи Рашт ва падару модарони наваскарон баромад намуда, аз корнамоӣ ва диловарии фарзандони Ватан дар тӯли таърих ёдовар шуданд.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ баҳри фараҳ ва хушҳолии даъватшудагон ва волидони онҳо барномаи консертии дастаи ҳунарии шуъбаҳои фарҳанги навоҳӣ пешкаши ҷамъомадагон гардонида шуд. Зери суруд ва мусиқии ҳунармандон даъватшудагон рақсу шодӣ намуда, бо дуои неки волидон ба хизмати Ватан-Модар ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел шуданд.