Таҷлили рӯзи забон
Иди забон дар ноҳияи Тоҷикобод бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Дар чорабиние, ки ба хотири гиромидошти ин рӯзи муборак дар бинои фарҳанги ноҳия барпо гардид, раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин Аббос суханронӣ намуда, табрикоти самимонаи хешро ба ҷамъомадагон ироа намуданд. Номбурда иброз доштанд, ки аз 22-июли соли 1989 бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ – забони точикӣ -эълон гардид. 5 октябри соли 2009 таҳти №553 Қонун дар бораи забон бори дигар қабул гардид, ки вазъи ҳуқуқии забонро муайян намуд. Дар давоми соҳибистиқлолии кишвар бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонун дар бораи забони давлатӣ такмил гашта, барои рушду нумӯи он корҳои зиёде ба анҷом расидааст.
Дар чорабинии мазкур муҳарири рӯзномаи Паёми Тоҷикобод Абдусаторзода Баҳодур, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 Ваҳобниё Суҳроб атрофи таърихи пурғановати забони тоҷикӣ ва нақши Пешвои миллат дар рушду нумӯи забон суханронӣ намуданд. Зимни баромадҳо қайд гардид, ки забон тоҷикӣ ҳамчун як рукни муҳим ва воситаи асосии муошират дар тули таърих бо муқовимат ва набардҳои шадиди аҷнабиён рӯ ба рӯ гашта ҳамчун сарчашмаи поку беолоиш то замони мо расидааст. Мо бояд ин гавҳари ноёбро ҳамеша тоза ва бегазанд нигоҳбонӣ намуда ба насли наврас амонат гузорем. Забони точикӣ яке аз забонҳои қадимаи дунё ба ҳисоб рафта, таърихи бузург дорад. Имрӯз ин забони муқаддасро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ ҳамагон мешиносанд ва мехоҳанд онро биомузанд. Айни замон бо забони тоҷики зиёда аз 28 млн. нафар одамон дар як қатор кишварҳои олам муошират менамоянд Бо забони тоҷикӣ адабиётҳои таърихии зиёду бузурге то имрузҳо омада расидааст, ки бо он олимону шоирон аз ҷумла Абуалии Сино, Абуабдуллои Рудакӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон гуфтору меросгузорӣ кардаанд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ барномаи рангини консертӣ аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанг ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия пешкаши аҳли толор гардид.