Интихобот дар сатҳи баланд доир гашт
Санаи 11 октябри соли 2020 субҳи барвақт аз соати 6.00 дар ҳамаи участкаҳои интихоботии ноҳияи Тоҷикобод маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардид. Он дар асоси Қонуни конситутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар сатҳи баланди сиёсӣ бо риояи шафофият мутобиқи меъёри талаботи байналмилалӣ сурат гирифт.
Мардум бо руҳияи идона ба участкаҳои интихоботӣ омада дар муҳит ва фазои озоди сиёсӣ ба номзадҳои арзанда раъйи худро доданд. Дар ҳар як участкаи интихоботӣ аъзоёни комиссия иборат аз 7 нафарӣ бо риояи қатъии қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ вобаста ба бемории сироятии коронавируси Ковид -19 ба интихобкунандагон хизмат расониданд. Тибқи мушоҳидаҳо табибон мардумро пеш аз даромадан ба участкаҳо табашонро санҷида иҷозати ворид шудан медоданд. Интихобкунандагон бо истифода аз маҳлулҳои зиддимикробӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ, ки дар даромадгоҳи участкаҳо ройгон дода мешуд бо риояи фосилаи иҷтимоӣ як як ба участкаҳо ворид гардида ба номзади арзандаи худ раъй медоданд. Дар участакаҳои интихоботии ноҳия барои овоздиҳӣ тамоми шароитҳои зарурӣ аз ҷумла ҳуҷраи тиббӣ, хонаи модару кудак муҳайё гардида барои шахсони имконияташон маҳдуд шароитҳои зарурӣ таъмин гардида буд.
Тибқи иттилои раиси комиссияи ноҳиявӣ Сироҷиддин Нуров оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва риояи қонуну меъёрҳои амалкунанда гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар ноҳияи Тоҷикобод сари вақт тадбирҳои мушаххас андешида шуда, дар участкаҳои овоздиҳӣ дастурамалу низомномаҳо, раҳнамо, нақшаи чорабинии тақвимӣ омода ва дастраси шаҳрвандону сохторҳои низоми интихоботӣ гардонда шуда буд. Мувофиқи қарори комиссияи ҳавзаи интихоботии Тоҷикобод № 13 оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи зарурӣ гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод 33 -участкаи интихоботӣ таъсис дода шуда буд, ки бо тамоми лавозимот таъмин гардида буданд.
Аз ҷумла дар ҳамаи участкаҳо шиору овезаҳо насб карда шуда, дастурамал ва маълумотҳои муфассал доир ба интихобот дастрас гардида буд. Аз тарафи комиссияи интихоботӣ кабинаҳои овоздиҳӣ бо шароитҳои лозимӣ таъмин гардида, қуттиҳои махсус барои блютенҳо ва қутичаҳои сайёр барои беморон ва барҷомондагон ба ҳама участкаҳо дастрас гардида буд. Шумораи умумии интихобкунандагони дар ноҳия буда 24 401 нафарро ташкил намуда аз ин 279 нафарашон бори аввал дар чунин маъракаи муҳимми сиёсӣ иштирок менамуданд.
Тавре аз рафти интихобот мушоҳида гардид, он ба таври шаффофу демократӣ дар фазои амнияту субот, муҳити идона ва чеҳраи кушодаи мардум ба хотири фардои дурахшони Ватан сурат гирифт. Дар ин рӯзи муҳим барои ҷавононе, ки аввалин бор ба интихобот омадаанд, аз ҷониби намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Бархе аз ҷавонон эҳсоси ифтихороти худро дар назди издиҳом ва воситаҳои ахбори умум баён намуда аз он меболиданд, ки раъйи онҳо барои 7 соли ояндаи Тоҷикистон ва фазои рушду суботи бемайлони он аҳамияти зарурӣ дошта, бо масъулияти баланд қарзи шаҳрвандиашонро адо намудаанд.
Шароити хуби муҳайёгардида дар ҳама участкаҳои интихоботии ноҳия имкон дод, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди сиёсӣ бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ ва бе омилҳои қонуншиканӣ гузаронида шуда, ҳар як фарди ҷомеа озодона тавонист мавқеи сиёсии худро муайян намояд.