Таҷлили Меҳргон дар Тоҷикобод
«Меҳргон ба монанди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шавад. Аз ин хотир, анъанаву расму ойини хос ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сару кор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрӯз зинда боқӣ мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд». Эмомалӣ Раҳмон
Иди Меҳргон дар ноҳияи Тоҷикобод дар майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузории намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва барномаи консертии санъаткорони шуъбаи фарҳанги ноҳия таҷлил гардид. Дар рафти баргузории ин ҷашни миллӣ раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин Аббос мардуми ноҳияро ба ин ҷашни миллӣ табрик намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо иду ҷашнҳои миллӣ, балки маросимҳои мухталифи мардумӣ аз нав эҳё гардида, барои дар сатҳи баланд доир кардани онҳо шароит фароҳам омад. Доир ба ҷашни Меҳргон Сарвари давлат назари некбинона дошта, онро кӯҳантарин чашни миллии мо медонанд ва ба арзишҳои он эҳтироми хоса изҳор менамоянд. Дар ҳамин асос ҷашни мазкур аз нав эҳё шуда, доир кардани он ҳамасола ба ҳукми анъана даромада истодааст. Яке аз унсурҳои ин ҷашн аз он иборат буд, ки мардум аз баракати ҳосили ҷамъовардаашон шукрона мекарданд ва либосҳои шинаму тоза ба бар карда, баракати солро дар баргузории ҷашни Меҳргон ифода намуда, шодию хурсандӣ менамуданд, ки соли оянда ҳосил боз ҳам фаровон шавад ва дастархони мардум аз маҳсулоти деҳқон фаровон гардад. Мардум ғубори заҳмати кашидаи худро ба ин восита аз дил мебароварданд.
Дар рафти чорабинии мазкур муовини раиси ноҳия Бахтиёри Ҳақназар доир ба ҷамъоварии ҳосили имсола маълумот дода, қайд намуданд, ки баҳри амалӣ намудани дастурҳои Пешвои муаззами миллат бо заҳмати дучанди кишоварзон ва аҳолии ноҳия дар соли равон майдони кишти аксари зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла картошка ба маротиб афзун гардид. Кишоварзони ноҳия дар соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ кишти зироатҳои кишоварзиро афзун намуда, аз ҷумла дар майдони 1485,4 гектар ғалладонагиҳо, 1879,7 гектар картошка ва 351,2 гектар сабзавот кишт намуданд. Дар маҷмӯъ бошад, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра 117 млн. 806,9 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 086,4 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 107,4 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар фароварди чорабинии мазкур як қатор кормандони соҳаи кишоварзӣ, сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ, механизаторон ва дигар шахсоне, ки дар истеҳсол ва ҷамъоварии маҳсулотҳои кишоварзӣ саҳми арзанда доштанд аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ифтихорнома ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои бошукӯҳи мардуми ориёитабор, аз ҷумла тоҷикон мебошад, ки аз замонҳои қадим ба мо мерос монда, пешиниён онро бо шукӯҳу шаҳомат, бо ҳама ҷузъиёташ баргузор мекарданд. Аммо бо мурури замон ин ҷашни миллию мардумӣ аз ёдҳо рафта, дар қаламрави мамлакат ҷашн гирифта намешуд. Нишонаҳои суннатии Меҳргон танҳо дар ёди бузургсолон монда, арзиш ва қимати он аз ҷониби донишмандони соҳаи мардумшиносӣ ҳифзу ҳимоя меёфт ва гоҳ-гоҳ дар маъракаи ҳосилғундорӣ аз он ёд мешуд. Дар воқеъ, ин ҷашни ниҳоят қадимӣ мероси мардумии мо маҳсуб шуда, аз замоне ки онҳо ба чорподорӣ машғул шуданд, бо замин сару кор гирифтанд ва ҳосил рӯёнда аз дастранҷи худ роҳат диданд, ин маросимро эҳё намуданд ва онро дар доираи тафаккуру ташаккули зеҳнии асотирии ҳамон давраинаашон доир намуданд.
Ҷашни Меҳргон дар ноҳияи Тоҷикобод бо шукӯҳу шаҳомати хоссааш ба ҳозирин таассуроти амиқ гузошт.