Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  

         

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод маросими савгандёдкунии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастаҷамъона дар толорҳои барҳаво тариқи шабакаҳои телевизионӣ ба таври мустақим тамошо карданд. Ҳайати кормандони ташкилоту идораҳо ва омӯзгорону донишҷуёни Муассисаи давлатии таълимии литсейи касбии техникиии ноҳияи Тоҷикобод, инчунин омӯзгорону хонандагони тамоми муасссисаҳои таълимии ноҳия ин  маросими бошукӯҳро дар толору маҷлисгоҳҳо бо ҳам тамошо карданд. Дар дигар сохторҳо аз ҷумла дар толори маркази ҷавонон шумораи зиёди ҷавонони ноҳия барои тамошои маросими савгандёдкунии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳам омаданд. Мавриди зикр аст, ки интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 11 октябр дар фазои сулҳу суботи сартосарии кишвар бо иштироки васеъи сокинон баргузор гардида буд ва Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон бо гирифтани 90,92 фоизи овози интихобкунандагон дар байни 5 номзад барои 7 соли дигар президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Нозирони байналхалқӣ ва миллӣ рафти интихоботро дар асоси қонунҳои байналмилалӣ дар сатҳи баланди сиёсӣ арзёбӣ карданд. Дар маросими савгандёдкунӣ Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки  барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, амалишавии ҳадафҳои стратегӣ ва сулҳу осиштагии Тоҷикистони азиз тамоми қуваю нерӯ ва дониши хешро истифода менамояд.

   

           Зимни сӯҳбат бо сокинони ноҳияи Тоҷикобод маълум гардид, ки тамоми қишрҳои ҷомеа тайёранд барои амалӣ гардидани ҳадафҳои Президенти мамлакат бо дилу нияти пок, дар атрофи ин шахсияти баруманд ҷамъ омада садоқатмандона меҳнат намоянд то ба ҳадафҳои созгор ва пешрафта ноил гарданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code