Таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ дар Листейи касбии техникии ноҳия
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Тоҷикобод» конференсияи илмию адабӣ доир гардид. Конференсия таҳти унвони «Парчами миллӣ рамзи шарафи миллат» дар толори маҷлисгоҳи Литсейи касбии техникии ноҳияи Тоҷикобод бо иштироки хонандагону омӯзгорон ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гузаронида шуд.
Чорабиниро муовини раиси ноҳия Маҳмадтоир Назризода ифтитоҳ намуда, доир ба аҳамияти омӯзиш ва тарғиби муқаддасоти миллӣ, бахусус парчами давлатии тоҷикон ва таърихи пайдоиши он суханронӣ намуд. Сипас дар мавзӯи Парчами миллӣ хонандагону омӯзгорони муассиса маърӯзаҳои пурмуҳтаво қироат намуданд. Дар маърӯзаҳо доир ба таърихи пайдоиши парчам дар сарзамини эронитаборон, дирафши ковиёнӣ- таҷассуми мубориза бо нерӯи шарр баҳри тантанаи адолат, инчунин рамзҳои дар парчами миллӣ таҷассумгардида маълумотҳои муфиду ҷолиб баён гардиданд.
Дар поёни чорабинӣ аз ҷониби толибилмони Литсей дар мавзӯи муқаддасоти миллӣ ва тараннуми Ватани маҳбуб шеъру таронаҳо қироат гардиданд.