Дастгирии техникии кишоварзони  Тоҷикобод

           Дар  арафаи соли нави мелодӣ  кишоварзони ноҳияи Тоҷикобод соҳиби трактору таҷҳизотҳои муосири техникӣ гардиданд. Дастгирии техникии кишоварзон дар асоси «Лоиҳаи дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» бо  маблағгузории  Фонди байналмиллалии рушди кишоварзӣ тавассути  муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» сурат гирифт.

            Ҳадафи лоиҳа мусоидат ба рушди иқтисодӣ, беҳтар намудани дастрасии ҷомеа ба инфрасохтори истеҳсолии хизматрасонӣ барои истеҳсоли устувори маҳсулотти кишоварзӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии ниёзманди  деҳот мебошад.  Дар асоси Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи Мақомотҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ» марказҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ таъсис ёфтаанд, ки барои ҳали мушкилии деҳаҳо  мусоидат  менамоянд.

            Тибқи лоиҳа ба ноҳияи  Тоҷикобод 7 адад трактори МТЗ 82.1, 1 комбайн  ғалладарравӣ, 7 адад испор,  4 адад сихмола, алафтойкунак, култиватор, картошкашинонак, картошкаканак, алафдараваки роторӣ ба механизаторон дастрас гардид. Инчунин ба 7 Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ (МХҶ) дафтарҳои кории мобилӣ ва бастаи таҷҳизоти корӣ- компютер, принтер, мизу курси ва ҷевонҳои китобмонӣ тақдим гардида, 120 оилаи занбур асал бо тамоми таҷҳизоти лозимӣ ба Гурӯҳи муштаркаи манфиатбар (ГММ), ба 5 Гурӯҳи ташакули даромадовар барои занон (ГТДЗ) 400 сар мурғи марҷон ва 14 ҳазору 400 кг хӯрока барои шашмоҳаи нигоҳубини онҳо тақдим карда шуд.

           Дар доираи лоиҳа аз тарафи мақомотҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ оиди 20 зерлоиҳаҳои сохтмони хати оби нӯшоиву  полезӣ, пулҳои чорвогузар ва соҳилмустаҳкунӣ ба маркази идораи лоиҳа дархостҳо пешниҳод гардидааст, ки дар баррасии фонди маблағгузор ва корбарии марказ қарор доранд. 

             Дар маросими  дастрас гардонидани трактору мошинолотҳои кишоварзӣ ба механизаторон, ки дар  маркази ноҳияи Тоҷикобод доир гардид, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризои, директори Муассисаи давлатии маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Хоҷазода Абдулаҳад Назариён, роҳбарияти ноҳияи Тоҷикобод,  масъулини  лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» иштирок ва суханронӣ намуданд.  Зимни суханрониҳо аз ҷумла зикр гардид, ки татбиқи лоиҳаҳои мазкур барои амалӣ гардонидани барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла рушди кишоварзӣ, чорводорӣ ва боғдорӣ заминаи боэътимод мегузорад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки маблағҳои сармоягузорӣ бояд дар сатҳу сифати баланд ва ба нафъи аҳолии деҳот истифода шавад.  Татбиқи  лоиҳаҳои мазкур дар самти афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ нақши назаррас дошта, аъзои хоҷагиҳои дастгириёфта истеҳсоли маҳсулоти босифатро афзун намуда, сатҳи зиндагии худро беҳтар мегардонанд.

             Дар поёни чорабинӣ калидҳои комбайну тракторҳои  кишоварзӣ ба як қатор механизаторони ботаҷрибаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Тоҷикобод дар маросими тантанавӣ тақдим карда шуданд.

                     

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code