ПАЁМ    РОҲНАМОИ  МО

          26 январи соли 2020  Паёми  навбатии  Асосгузори  сулҳу ваҳдати  миллӣ- Пешвои  миллат  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати  дохилӣ  ва  хориҷии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон»  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ироа  карда  шуд . Чун  Паёмҳои  солҳои қаблӣ  он  фарогири  тамоми  соҳаҳои ҳаёти  ҷомеаи мо  ҳам  сиёсӣ,  иқтисодию иҷтимоӣ  ва  фарҳангӣ  буд.

 

            Аз субҳи барвақт кормандони мақомотҳо ташкилоту муассиса ва ва дигар сокинони ноҳияи Тоҷикобод барои тамошои Паёми Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толору маҷлисгоҳ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷамъ омаданд. Паёми Пешвои миллат аз соати 10 дар тамоми шабакаҳои телевизионӣ ва родиёи ба таври мустақим пахш гардид.  Чунин иқдом бори дигар ҳувайдо месозад, ки муҳаббати раият нисбати сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Сарвари кишвар хеле самимӣ гаштааст ва онро ҳар сол бесаброна интизорӣ мекашанд, зеро сатҳи зиндагии болорафта, тинҷиву ваҳдати зуҳуркарда аз ҳамин иқдомот нумӯъ кардаанд. Президенти мамлакат тавассути назари хирадмандона дурнамои фаъолияти хешро бо истифодаи салоҳиятҳои конститутсионӣ  пешкаши аҳли ҷомеа сохта, бо боварии комил иқтисодиёту сиёсати ҷоннокгаштаи мамлакатро бо диди оқилона таҳлил намуд.

  

 

            Паёми Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, Чаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистонро ҳуҷҷате гумон бурдан лозим нест, ки он собиткунандаи масоили имрӯз бошад, балки аз рӯйи андеша ва хирад пай бурдан душвор нест, ки он оинаи раҳнамои солҳост. Аз ин хотир ба назар мерасад, ки омӯзишу мутолиа, хулосабарорӣ ва чун дафтари хотира барои худ қайд сохтану дар кори хеш онро нақшаи роҳнамо истифода бурдан қарзи шаҳрвандии мост. Он хамчун як дастури рахнамо мисли солҳои пешин метавонад дар рушди минбаъдаи иктисодиву ичтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуда, барои хар як фарди ватанхоҳу ватандӯст барномаи мукамали солонааш бошад, то ҳар яки мо бо ҳидоят ва пешниходу шароити мусоиди ба роҳ мондаи Президенти кишварамон мухтарам Эмомали Раҳмон бо максадхои нек кадам суи фардои дурахшони ватанамон монда бошем.

 

  

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code